Андар боби тафаккури пасоистеъморӣ(post-colonial thought)

Нуктаи муҳим, ки набояд фаромӯш кард ин аст, ки ин мамлакат новобаста ба парокандагии мардум ҳанӯз ҳам ‘соҳиб истиқлол’ аст ва Тоҷикистон ном дорад ва будану суботи ин истиқлол имрӯз вобастаги дорад ба фикри мустақиле, ки дар фарҳанг ва донишу таҷрибаи мардуми ин сарзамин реша дорад.
Созандаги бояд аз ҳамин фикри мустақил оғоз мешуд ва шавад. Набояд бо хоҳиши якчанд идеологи бесалоҳият, ки фараҳанги худ ва дигаронро дуруст нашинохтаанд, назарияи “бархурди тамаддунҳо” – ро ба батни фарҳанги Тоҷикон кашонидан.
Дар ин қарина бояд тафаккури пасоистеъморӣ шакл мегирифт, ки дар ин раванд мардум назарияи субъект (худӣ), таърих, маъниҳои ҳукумрон ва фалсафаи худро ба таври таҳлилӣ – танқидӣ ба чолиш мекашид.
Будани ин гуна тафаккур худ маънии дар сатҳи ҷаҳони фикр кардани Тоҷикро дошт ва худ як нишонаи ҷаҳонишавии онҳо ва дар баробари ҷаҳонишавӣ пойбарҷо будани онҳо буд
Вале аз навиштаҳои намояндагони “тафаккури давлатмеҳвар” дидан мумкин аст, ки аслан чунин фикри озод дар ин қарина вуҷуд надорад ва ҳанӯз ҳам, ки дер нашудааст бояд давлатмардон аз ҳамин нуқта ислоҳро оғоз кунанд ва бунёди фикр ва сиёсати созанда гузошта шавад.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.