Ангела Меркел бо Алексей Навалний дар беморхона дидор кардааст

Нашрияи олмонии Der Spiegel навишт, ки садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар беморхона дар шароити махфӣ аз ҳоли раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний хабар гирифтааст. Хабарнигорон навиштанд, ки бо чунин амалаш Меркел пуштибонии ҳукумати Олмонро аз ин раҳбари мухолифон баён намуд. Ҷузъиёти ин дидор нашр намешавад ва дар дафтари нахуствазири Олмон ҳам хабарро шарҳ надоданд. Рӯзи душанбе худи Навалний ҳам тасдиқ кард, ки Меркел ба дидани ӯ омада буд. Ӯ дар Твиттераш бо изҳори сипос аз Меркел навишт: “Мулоқот барпо шуд ва намешавад гуфт, ки он махфӣ буд. Ин мулоқот бештар хусусияти сӯҳбати оилавиро дошт”. Навалний давоми 32 рӯз дар беморхонаи “Шарите”-и Берлин муолиҷа шуд ва таҳқиқоти озмоишгоҳҳои аврупоӣ гуфтанд, ки ӯро бо заҳри навъи “Новичок” заҳролуд кардаанд. Ғарбу Аврупо гуфт, ки дар пушти ин ҳодиса метавонад Кремлин истода бошад, вале Маскав ин ҳама иттиҳомотро рад карда аз роҳандозии тафтишоти ҷиноии ҳодиса худдорӣ кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.