АП: 44 зан дар Суғд қурбони хушунати хонаводӣ шудаанд

Дар вилояти Суғд дар  ду соли охир 44 зан бо сабаби хушунати хонаводагӣ ба ҷони худ қасд намудаанд. Дар ин бора оҷонсии “Азия-Плюс” бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят иттилоъ додааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ин занҳо бо сабаби бадрафторӣ аз ҷониби шавҳару хушдоманҳояшон  худкушӣ кардаанд. Додситонӣ мегӯяд, дар пайи ин ҳодисаҳо баъзе аз шавҳарон ва хушдоманҳову як  падарарӯс ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аз ҷанҷолҳои хонаводагӣ беш аз 800 нафар ба  Раёсати кор бо занон ва оилаи Суғд муроҷиат кардаанд.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.