АП: Ба низомие, ки дар моҷарои марзӣ бо Қирғизистон кушта шуд, орден доданд

Ҳукумати Тоҷикистон ба яке аз қурбониёни муноқишаи хунини марзӣ бо Қирғизистон ордени “Спитамен” дараҷаи 2-ро тақдим кард. Хабаргузории “Азия-Плюс” менависад, ки прапоршик Ҷасур Сиярқулови 28-сола рӯзи 29-уми апрели соли ҷорӣ дар задухӯрди марзии Тоҷикистону Қирғизистон  дар хатти марзи ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тири силоҳ кушта шуд. Фармони тақдими орден ба ин низомии ҳалокшуда аз ҷониби президенти Тоҷикистон имзо гардидааст. Ҳамчунин қарор аст, маҳаллае дар Деваштич ба номи Ҷасур Сиярқулов гузошта шавад. Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар баҳори имсол боиси аз ҳарду тарафи марз кушт ва захмӣ шудани даҳҳо нафар шуд  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.