АП: Дар Тоҷикистон нархи хӯрокворӣ боло меравад

Хабаргузориии “Азия-Плюс”  дар бораи болоравии нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтааст,  ки дар супермаркет ва бозорҳо нархи миёнаи як литр шир то 6,5-7 сомонӣ боло рафааст. Ҷурғот дар зарфи пластикии вазнаш 450 грамм ба қимати 7 сомонӣ фиурӯхта мешавад. Ибтидои соли равон нархи он ба 4-5 сомонӣ баробар буд.

Тайи ду ҳафтаи ахир як халта орд ба андозаи 20 сомонӣ гаронтар шуда, ба 270 сомонӣ баробар шуд.

Коршиносон сабабҳои инро ба афзоиши сатҳи таваррум (9%), сатҳи пасти рақобатпазирӣ байни истеҳсолкунандагон ва буҳрон дар соҳаи таъминот бо маводи сӯзишворӣ марбут медонанд. Моҳҳои ахир  бо болоравии нархи маводи сӯхт коршиносон пешбинӣ мекарданд, ки нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ҳам боло меравад. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.