АП: Марзбонони Узбекистон маълумотномаи COVID-19-и Тоҷикистонро қабул намекунанд

Марзбонони Узбекистон дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ маълумономаи COVID-19-ро, ки дар Тоҷикистон дода шудааст, эътироф намекунанд. Дар ин бора бархе мусофирони тоҷик ба хабаргузории «Азия-Плюс» шикоят кардаанд. Онҳо гуфтанд, ба вақти гузаштан аз марз, сарҳадбонони узбек талаб мекунанд, ки бар ивази тақрибан 130 сомонӣ (наздики $ 12) дубора ташхис супоранд. Масъули Идораи санитариву эпидемиологии Суғд дар суҳбат бо хабаргузориҳо тасдиқ кардааст, ки чунин мушкилот як моҳ ба ин тараф ба миён омадааст. Мақомот гуфтанд, ки сабаби рад шудани маълумотномаҳои тоҷикӣ дар чист.

Аз сӯи дигар, ба иттилои бархе сокинони тоҷиктабори Узбекистон, ки ба дидани хешовандон ба Тоҷикистон мераванд, дар марз супурдани тести COVID-19 мушкили онҳоро пеш аз сафар осон мекунад ва зарур нест, ки як-ду рӯз пеш аз сафар аз санҷиши озмоишгоҳҳо гузаранд.

Ин шабу рӯз садҳо муҳоҷирони тоҷик бинобар арзонтар будани билети парвоз талош мекунанд аз марз гузашта, тавассути ҳавопаймоҳои Узбекистон ба шаҳру манотиқи Русия бирасанд. ​

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.