АП: “Техстрой” аз интиқоли ҳазор коргари тоҷӯк ба Русия  даст кашид

Ширкати русии сохтмонии “Техстрой” аз интиқоли ҳазор коргар аз ба Русия  даст мекашад. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ медиҳад. Намояндагони ин ширкат моҳи марти имсол ба шаҳри Хуҷанд рафта, муҳоҷиронро барои кор интихоб карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ низ гузориш дода буд. Қарор буд “Техстрой” моҳи апрел ба коргарони тоҷик билет харида онҳоро ба Русия интиқол медод. Аммо чунин нашуд. Мусоҳибони хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтаанд, аз ин пештар ширкати мазкур 5 ҳазор муҳоҷиронро аз Узбекистон барои кор ба Русия бурда буд. Вале муҳоҷирони узбек баъди расидан ба Русия кор  дар ширкатро  рад карда, ба ҷойҳои кории пештараи худ баргаштанд. Аз ин сабаб ширкати “Техстрой” аз ҷалби коргарони узбеку тоҷик ба сохтмонҳояш даст кашидааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.