Аризаи истеъфои раиси калисои Беларус қонеъ шуд

Шӯрои калисои провославии Русия аризаи истеъфои метрополит Павел, раиси калисои провославии Минск ва Заславро қонеъ кард. То замони таъини роҳиби нав, ба гуфтаи сухангӯи калисои русӣ Владимир Легойда, ин масъулият ба дӯши рӯҳонӣ Вениамин вогузор мешавад. Павел раҳбари калисо дар Кубан шуд.  Роҳиби пешини калисои Кубан Исидор рӯзи 8 август дар паи олудагӣ ба COVID-19 даргузашт. Павел аз соли 2013 раҳбарии калисои правословии Беларусро ба ӯҳда дошт.  Мухолифони Беларус Павелро барои табрики пирӯзии Александр Лукашенко дар интихобот интиқод карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.