Аризаи Навалний барои ба ҷавобгарӣ кашидани заҳролудкунандагонаш рад шуд

Додгоҳи низомие дар Маскав шикояти сиёсатмадори зиндонии Русия Алексей Навалнийро аз болои Сарраёсати  таҳқиқоти низомии Кумитаи тафтишоти федеролии Русия рад кард. Навалний ба додгоҳ шикоят карда гуфт, ки ин раёсат нахост аъмоли 8 корманди ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ)-ро аз рӯи қазияи заҳролудкунии ӯ дар моҳи августи порсол таҳқиқ кунад ва ба ҳамин хотир аз болои ин идора ба додгоҳи низомӣ шикоят кард. Додраси додгоҳи 235-уми низомии Маскав Андрей Толкаченко дар ҳукми рӯзи 22-юми марти худ гуфт, ки “қарори Сарраёсати  таҳқиқоти низомии Кумитаи тафтишоти федеролии Русия дуруст буд” ва шикояти Навалний “арзиши баррасиро надорад”. Вакили дифои Навалний дар додгоҳ Вячеслав Гимади гуфт, ки аз болои ин ҳукм шикоят хоҳад кард.

Дар мурофиаи додгоҳии рӯзи душанбе додрас ошкор кард, ки Полиси нақлиёти Сибир бо сабаби “набуди ҳолати ҷиноӣ” аз таҳқиқи қазияи заҳролудшавии Навалний даст кашид. Ӯ гуфт, ки ин қарор 10-уми феврал содир шудааст. Гимади гуфт, ки на ӯ ва на зерҳимояаш Навалний дар ин бора хабардор карда нашуданд.

Алексей Навалний, ки августи порсол дар минтақаи Сибир бо сафари корӣ қарор дошт, ҳангоми бозгашт ба Маскав  дар дохили ҳавопаймо худро бад ҳис карду беҳуш шуд. Ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омад ва ӯро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд. Баъди чанд рӯз ӯро барои наҷоти ҷонаш ба Олмон интиқол доданд ва дар он ҷо маълум шуд, ки ӯ бо заҳри низомии шӯравии “Новичок” заҳролуд карда шудааст. Баъди бозгашт аз табобат моҳи январ Навалний боздошт ва дар нақзи ҳукми  ҳабси шартии соли 2014-и додгоҳ гунаҳгор шуд. Оғози моҳи феврал ӯро ба 2,5 соли зиндон маҳкум карда  ба маҳбас интиқол доданд.

Қабл аз ин дар як филми таҳқиқотӣ Навалний ва тими ӯ собит карданд, ки дар заҳролудкунии ӯ ходимони мушаххаси ФСБ гунаҳгоранд, вале мақомот дар Маскав ин иттиҳомотро рад кардандШ.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.