Арҷгузории нависанда Абдуқодир Рустам аз истиқлолхоҳони воқеъии Тоҷикистон

Ҷашни истиқлол ба истиқлолхоҳони воқеӣ, ба онҳое, ки дар сафи истиқлолхоҳон буданд, онон ки чакомаи истиқлол суруданд, онон ки барои сарафрохтанҳо азият кашиданд, ба зиндон рафтанд, ё ҳоло дар гӯшаи инзиво ҳастанд, муборак бод….
Дуруд ба рӯҳи поки Тоҳири Абдуҷаббор,
Дуруд ба равони Аслиддин Соҳибназар
Дуруд ба руҳи ситоишгари Истиқлол, шоири дардҳои миллӣ устод Лоиқ Шералӣ
Дуруд ба руҳи Абдуқодири Холиқзода
Дуруд ба равони Отахон Латифӣ
Дуруд ба равони Раҳими Мусулмониён
Дуруд ба руҳи Имомназари Холназар
Дуруд ба руҳи Сабзаалӣ Мурод
Дуруд ба равони Насими Назрулло
Дуруд ба Шоири шуҷоъ Гулрухсори Сафӣ
Дуруд ба Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
Дуруд ба Абдунабӣ Сатторзода
Дуруд ба зиндон, ба Муҳаммадалии Ҳайит
Дуруд ба зиндон ба Муҳаммадрӯзии Искандар
Дуруд ба Мирбобои Мирраҳим
Дуруд ба Муҳаббати Қаноъат
Дуруд ба Сафар Абдуллоҳ
Дуруд ба Додоҷони Атовулло
Дуруд ба Салими Аюбзод
Дуруд ба Мамлакат Ҷайчиева
Дуруд ба Салим Шукронаев
Дуруд ба Аҳмадшоҳи Комилзода
Дуруд ба Ҳидиятуллоҳи Файзулло
Дуруд ба Дориюши Раҷабиён
Дуруд ба Насибҷон Амонӣ
Дуруд ба Абдурраҳмони Муҳаммад!

Дуруд ба садҳо марду зани шуҷоъи ин Ватан, ки истиқлоли ин Ватанро мехостанд ва агарчи аз ин истиқлол хеч баҳрае наёфтанд ва баъзе азияташро ҳам кашиданд, аммо Истиқлол – ин орзуи қалбии эшон, – гарчи бо нуқсонҳо- ба нафси худ боқист…….. Рафтагонро Худо биёмурзад ва мондагонро дар паноҳаш нигоҳ дорад……. Омин….. Ва ба ҳар тоҷику тоҷикистонии Худшинохта ҷашни истиқлол хуҷаста бод!

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.