Арманистон ба  ширкат дар гуфтушуниди сулҳи САҲА оид ба Қарабоғи Кӯҳӣ омодааст

Арманисттон мегӯяд, омодааст, даъвати САҲА-ро ба гуфтушуниди сулҳ дар ҳоле пазируфт, ки сарони ҷомеаи байнулмилал аз тарафҳо қатъи амалиёти ҳарбиро талаб мекунанд.

Хабаргузории Франс Пресс рӯзи ҷумъа гузориш дод, ки ҳукумати Арманистон пешниҳоди чанд кишварро барои миёнаравӣ дар бӯҳрони ба миён омада бо Озарбойҷон истиқбол карда гуфтааст, ки омодааст бо миёнаравҳо ҳамкорӣ кунад. Дар талоши охир барои миёнаравӣ ва поён додани ҷанги миёни ду кишвар, президентҳои Фаронса, ИМА ва Русия, Эммануэл Макрон, Доналд Трамп Владимир Путин бо чопи як изҳороти  якҷоя хостори  поён додан ба ҷанг ва оромӣ дар минтақа шуданд.

Дар изҳорот онҳо аз раҳбарони Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон даъват карданд, ки ” ҳарчӣ тезтар” бо миёнаравӣ ва назорати Шӯрои Минск ба  гуфтугӯҳои ҷиддӣ ва бечунучаро  сар кунанд. Гурӯҳи Минск ҳамчун як бахши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) амал карда  ва дар бӯҳрони Қарабоғи Кӯҳистонӣ миёнаравӣ мекунад.

Аз саршавии даргириҳои нави ду кишвар дар рӯзи 27 октябр зиёда аз 100 нафар, аз ҷумла ғайринизомиён, кушта шуданд. Илова ба изҳороти президентҳои ИМА, Фаронса ва Русия, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон телефон карда, омодагии Маскавро барои миёнаравӣ дар бӯҳрон расонд.

Ҳукумати Озарбойҷон пештар ба дархостҳои миёнаравӣ посух надода ва даъват кардааст, ки неруҳои Арманистон аз минтақаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ  пурра бароварда шаванд ва назорати минтақа ба дасти он гузарад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.