Арманистон Озарбойҷонро ба додгоҳ кашид

Арманистон ба мақмоти додгоҳии Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурда, Озарбойҷонро дар поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандони Арманистон ва армантаборон, дар ҷараёни низои мусаллаҳонаи соли 2020 дар Қарабоғи Куҳӣ, айбдор кардааст.

Бино ба изҳороти Додгоҳи байналхалқии СММ, ки рӯзи 16 сентябр нашр шуд, Арманистон мегӯяд, Озарбойҷон “нисбати арманиҳо табъйизи нажодӣ” раво дидааст. Арманистон мегӯяд, “арманиҳо аз табъйизи мудовим, куштори гуруҳӣ, шиканҷа ва дигар беҳуқуқиҳо ранҷ бурдаанд”.

Ба иттилои Арманистон, “ин таҷриба ба хусус дар моҳи сентябри соли 2020 авҷ гирифт”, ки он замон вазъи Қарабоғи Куҳӣ шиддат ёфта буд. Арманистон шикоят кардааст, ки дар ҷанги моҳи сентябр Озарбойҷон Конвенсияи байналхалқӣ дар умури маҳви ҳама гуна табйизи нажодиро поймол кардааст.

Ба иттилои мақомоти Арманистон, “ҳатто баъди хатми ҷанг” ва оташбаси 10 ноябри соли 2020 Озарбойҷон “ба куштор, шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмонаи асирони арманӣ” идома додааст.

Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, ки Боку “худро муҳофизат” мекунад ва Арманистонро низ бо айни ин иттиҳомот айбдор месозад.

Муносибатҳои Озарбойҷону Арманистон шиддатнок боқӣ мемонад. Ҷанги шашҳафтаинае, ки моҳи сентябри соли 2020 шуруъ шуд, на камтар аз 6 900 қурбонӣ дошт. Дар пайи он ҷанг Арманистон аз қисме аз заминҳое маҳрум шуд, ки даҳсолаҳо дар ихтиёри армантаборон буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.