Арманистон ва Озарбойҷон барои хотимаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба тавофуқ расиданд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раисҷумҳури Озарбойҷои Илҳом Алиев ва раҳбари Русия Владимир Путин барои хотимаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба тавофуқ расиданд.
  • Матни комили созишномаро нашрияи Коммерсантъ чоп кардааст.
  • Шаби 10 ноябр раҳбарони Русия, Арманистон ва Озарбойҷон аз хатми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ хабар доданд. Матни созишномаи имзошудаи онҳо оташбаси комил, бозгашти гурезаҳо ва табодули асирони ҳарбиро пешбинӣ мекунад.
  • Тибқи ин санад, Арманистон як қисми қаламрави Қарабоғи Кӯҳиро ба Озарбойҷон хоҳад супурд. Ин, дар навбати худ, эҷоди “долон” -ро барои иртибот байни Арманистон ва Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳаракати бемамоният дар канори онро таъмин хоҳад кард.
  • Созишнома инчунин ҷойгир намудани 2000 нафар посдорони сулҳи Русияро ба минтақа пешбинӣ мекунад; онҳо аллакай ба Қарабоғ рафтанд. Дар баробари ин, раисҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев низ аз ворид шудани як  гурӯҳи посдорони сулҳи Туркия ба минтақа хабар дод, вале ин санад зикр нашудааст.
  • Раҳбари Озарбойҷон созишномаи имзошударо “таслим шудани Арманистон” номид. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки ин тасмим пас аз таҳлили вазъи низомӣ гирифта шудааст ва “ӯ ба ҷуз имзо кардани ин санад чораи дигаре надошт, ҳарчанд тасмим мушкил буд.”
  • Пас аз эълони сулҳ миёни Арманистон ва Озарбойҷон дар Ереван эътирозҳои мардуми норозӣ авҷ гирифтанд. Эътирозгарон дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омада, дарҳоро шикастанд ва дохили он шуданд. Пашинян  он ҷо набудааст. Тазоҳургарон дар назди бинои Порлумон раиси маҷлис Арарат Мирзоянро латукӯб карданд. Баъзе аз эътирозгарон ба қароргоҳи сарвазир рафтанд, қисми дигар дар майдонҳои Ереван боқӣ мондаанд. Пулис ба онҳо муқовимат нишон намедиҳад.
  • Боиси зикр аст, ки муноқишаи сарзаминӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ рӯзи 27 сентябр оғоз шуданд. Аз он вақт, ҷонибҳо се маротиба дар бораи оташбас ба мувофиқа расиданд, аммо ҳар дафъа ин созишномаҳо риоя нагардид.

The post Арманистон ва Озарбойҷон барои хотимаи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба тавофуқ расиданд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.