Арманистону Озарбойҷон ҳамдигарро дар ҳодисаи марзӣ гунаҳгор карданд

Арманистон ва Озарбойҷон дар тирандозии ахир дар марзи миёни ду кишвар ҳамдигарро гунаҳгор карданд. Рӯзи 26-уми май Ереван гуфт, ки дар паи тирандозии кишвари ҳамсоя як сарбози арманӣ кушта шуд. Хабарҳо аз танишҳои нав дар марзи миёни Арманистону Озарбойҷон дар ҳоле мерасанд, ки тирамоҳи соли гузашта дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ як ҷанги шашҳафтаинаро пуштисар карданд.

Вазорати дифои Арманистон гуфт, ки рӯзи 25-уми май дар марз “дар натиҷаи оташи ҷониби нирӯҳои Озарбойҷон” дар ноҳияи Геғаркунии Арманистон як сарбоз кушта шуд. Дар изҳорот омадааст, ки ҳоло вазъ “ором” аст.

Аз тарафи худ вазорати дифои Озарбойҷон нирӯҳои Арманистонро дар тирандозӣ дар хати марз гунаҳгор кард.

Дар изҳороти вазорати дифои Озарбойҷон гуфта шудааст, ки нирӯҳои ин кишвар дар ҷавоб оташ накушоданд ва ҳеҷ хисороте вуҷуд надошт.

Ҳодисаи ахир дар ҳолест, ки баъди ҷанги якуниммоҳаи миёни ду ҳамсоя дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ  6 ҳазор нафар кушта шуданд. Ин низоъ, ки хунинтарин аз замони ҷанги 30 сол пеши Қаробоғи Кӯҳӣ будааст, моҳи ноябр бо миёнаравии Русия хотима дода шуд. Дар натиҷа, Арманистон қаламравҳоеро, ки дар он арманитаборҳо давоми даҳсолаҳои ахир таҳти назорат нигаҳ медоштанд, аз даст доданд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Қаробоғи Кӯҳиро  қаламрави Озарбойҷон эътироф мекунад, вале баъди солҳои 1990-ум дар аксари ин минтақа арманитаборҳо зиндагӣ ихтиёр карда ҳукумати марказӣ дар Бокуро эътироф намекарданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.