Артиши Афғонистон ноҳияи калидӣ дар ҷанубро аз дасти Толибон озод кард

Нирӯҳои амниятии Афғонистон ноҳияи калидиеро дар вилояти Қандаҳор аз дасти Толибон озод карданд. Ба иттилои рӯзи 5-уми апрели вазорати дифои Афғонистон, дар ин амалиёт даҳҳо ҷангиён куштаву захмӣ шуданд.  Мақомоти маҳаллӣ инчунин тасдиқ карданд, ки рӯзи 4-уми апрел ноҳияи Арғандоб аз дасти Толибон озод карда шуд. Вазорат дар як изҳороте мегӯяд, ки дар ин амалиёт 37 ҷангӣ куштаву 28 танашон маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои нирӯҳои амниятӣ, “90 мотосикл” ва “шумори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангиён” ба ғанимат мондааст. Мақомот гуфтанд, ки дар ин амалиёт сокинони мулкӣ ҳам осеб дида, маҷбур шуданд дар ҷараёни задухӯрди нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиён хонаҳои худро тарк кунанд. Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад.

Сарбуланд, як фармондеҳи нирӯҳои вижаи баталёне дар Қандаҳор ба хабаргузории “Тулӯъ” гуфт, ки “Арғандоб як ноҳияи сераҳолӣ аст. Мо барои пешгирӣ аз осеб дидани шумори зиёди мардум талоши зиёд ба харҷ додем”. Худи Толибон ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд. Мақомот дар Қандаҳор гуфтанд, ки Толибон дар роҳҳои Арғандоб минаҳои сарироҳии зиёде гузоштанд ва ин чиз боис мешавад, ки шояд бозгашти аҳолӣ ба манзилҳояшон вақти бештар бигирад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.