Асалбегим Саодатова ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон даргузашт

Асалбегим Саодатова, яке аз ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик, ки то охири солҳои 90-ум дар байни мардум бахусус кӯдакон маҳбуб буд, даргузашт. Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпеша ва яке аз шогирдонаш рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Асалбегим Саодатоваи 70-сола, ки солҳои зиёд аз бемории қанд ранҷ мекашид, дар ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе фавтидааст.

Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи кино ва театр, яке аз муассисони Театри Ҷавонони Тоҷикистон буд, ки дар баробари Театри Лоҳутӣ дар замони шӯравӣ маҳбубияти зиёд дошт. Ӯ дар солҳои шӯравӣ бо иҷрои нақши “Аҷузкампир” дар намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон Алифбо” маҳбубияти зиёд пайдо кард. Солҳои баъд дар намоишномаҳои гуногуни театрӣ ва филмҳо нақшҳои зиёде офаридааст ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дошт.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо ҳафтаномаи “Оила” гуфтааст: “Кӯдакони кӯчаи худамон маро дидан баробар “Аҷузкампир омад, гурезед, ки ҳозир қапида мебараду мехӯрад” гӯён, мегурехтанд. Модаронашон бо завқ хандида, онҳоро ором мекарданд, ки натарсед, ин холаатон аст, вай шуморо намехӯрад… ”  Ӯ афзудааст, агар фурсату имкон даст бидиҳад, дигарбора ин нақшро бо ҷону дил бозӣ мекунад, чун “Афсона кӯдакро бо баду неки дунё ошно… ва дар руҳияи одамгарӣ тарбия мекунад.”

Моҳпайкар Ёрова ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, маросими видоъ ва дафни Асалбегим Саодатова рӯзи 5-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.