“Авеста”: Дар ду моҳ Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми 7 миллион доллар барқ додааст

Тоҷикистон дар ду моҳи  соли ҷорӣ аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба хориҷа беш аз 7 миллион доллар  даромад дидааст.  Оҷонсии “Авеста” менависад, ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта, нисбатан бештар аст. Мақомоти марбута дар бораи ҳаҷми барқи фурӯхташуда ба кишварҳои ҳамсоя маълумот надодаанд. Танҳо зикр гардидааст, ки нерӯи барқ ба Афғонистон содирот шудааст. Қаблан ширкати “Барқи тоҷик”, бо ширкатҳои барқрасони Афғонистону Узбекистон барои интиқоли нерӯи барқ дар соли ҷорӣ созишнома  имзо карданд. Интизор меравад то поёни соли 2021 ба хориҷа аз Тоҷикистон беш аз 3 миллирад киловатт-соат барқ фурӯхта шавад. Содироти барқ ба хориҷа дар ҳолест, ки  дар деҳаҳои Тоҷикистон ҳанӯз лимити барқ бекор нашудааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.