Аврупо бо мавҷи дуюми коронавирус дастбагиребон аст

Дар Аврупо мавҷи дуюми коронавирус дар авҷ аст ва бино ба таҳлилҳои оҷонсии Reuters,  дар давоми даҳ рӯзи гузашта омори олудашавиҳо ба вируси нав ду баробар зиёд шудааст. Рӯзи 22-юми октябр шумори олудашавиҳои рӯзона дар Аврупо аз марзи  рекордии 200 ҳазор нафар гузашт. Беморхонаҳо дар Аврупо ҳарчанд дар муқоиса бо авҷи беморӣ дар шаш моҳи пеш то нисф пур шудаанд, боз ҳам дар шароити сангин кор мекунанд.  Ҷумҳурии Чех яке аз кишварҳои шадидан осебдида аз назари коронавирус тадбирҳои сахти маҳдудкунандаро ҷорӣ  кард ва ҳукумат бо ҷалби 300 ходими тибби низомӣ аз ҳайати НАТО ва Иттиҳоди Аврупо талош дорад ба муолиҷаи беморон мусоидат кунад. Дар кишвари Белгия ва ҳамсояҳояш беморхонаҳа аз муолиҷаҳои ғайриоҷил даст мекашанд. Дар Полша ҳукумат варзишгоҳи марказии Варшаваро ба бемористоне дар ҳавои боз табдил дода дар он дар як вақт 500 нафар метавонанд муолиҷа гиранд. Дар беморхонаҳои Фаронса 44 дарсади бистарҳои беморон бо олудашудаҳои COVID-19 пур шудаанд. Дар тамоми Аврупо кишварҳое, ки қаблан муқаррароти беҳдоштиро сабук карда буданд, дубора ба сахттар кардани маҳдудиятҳои иҷтимоӣ даст мезананд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.