Аврупо, ИМА, Исроил: Афзоиши эмкунӣ маҳдудиятҳоро аз байн мебарад

Дар ИМА ва Аврупо ба шарофати афзоиши суръати эмкунӣ бар зидди коронавирус ҳодисаҳои олудашавӣ рӯ ба поён оварда, маҳдудияти бештар аз байн меравад.

Вазорати беҳдошти Исроил гуфт, ки агар ҳукумат розӣ бошад, аз 1-уми  июн ҳама маҳдудиятҳо бардошта мешавад. Дар Исроил аз моҳи декабр як маъракаи изтирории эмкунӣ барпо шуд ва аз он замон то имрӯз омори олудашавиву марг ва бистаришавиҳои беморон шадидан поин омад. Чунин ҳолат  барои эмшудаҳо бар зидди COVID-19 имкони дубора боз кардани тарабхонаву бар ва дигар муассисаҳои тафреҳии ҷамъиятиро фароҳам намуд.

Дар Аврупо чанд кишвар эълон кард, ки моҳи июн ният доранд маҳдудиятҳоро каме сабуктар кунанд. Дар Бритониё вазири беҳдошт Метт Ҳенкок гуфт, ки агар ҷомеа эҳтиёткориро риоя кунад, бо дили пур мешавад марҳилаи ниҳоии бозкушоии кишварро роҳандозӣ кард.

Дар Ҷумҳурии Чех нахуствазир Андрей Бабиш гуфт, ки баъди 14-уми июн маҳдудиятҳо боз ҳам сабуктар мешаванд ва иҷозаи ғизохӯрӣ дар дохилу ташкили консертҳо имконпазир мешавад. Рӯзи 24-уми май ҳукумат ин мавзӯъро дар як ҷаласа баррасӣ мекунад. Дар дигар кишвари аврупоӣ – Венгрия, ки 9,8 миллион аҳолӣ дорад, омори эмшудаҳо аз 5 миллион нафар бештар шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.