Аввалин парвози чархбол ба Миррих

Оҷонсии парвозҳои ҳавоии ИМА НАСА гуфт, ки 19-уми апрел нахустин бор як роботи чархболи хурде ба сатҳи сайёраи Миррих баланд шуд ва дар сатҳи он парвози идорашаванда анҷом дод. Мудири тарҳ Мими Аунг гуфт, “акнун мешавад гуфт, ки инсон дар рӯи чархбол дар сайёраи дигар ҳам парвоз анҷом дод”. Намоиши ин саҳнаро НАСА тавассути YouTube ба роҳ монд: 

Нозирони парвоз дар Калифорния тасдиқ карданд, ки чархболи хурди Ingenuity бо вазни 1,8 кг тавассути миррихгарди Perseverance, ки аз фосилаи 65 метр назорат мекард, парвози кӯтоҳмуддате анҷом дод. Тими Аунг се соат интизор шуд, ки натиҷаи парвози барномарезишуда дар фосилаи 287 миллион километрро бифаҳмад.

Феълан иттилои зиёд дар даст нест, вале маълум аст, ки дар аввал НАСА мехост парвоз 40 сония идома кунад. Бояд чархбол ба баландии 3 метр парида, дар ҳаво 30 сония бимонад ва баъдан ба самти миррихгард ҳаракат карда дар назди он бинишинад. Барои анҷоми чунин парвоз дар мадоре, ки зичиаш аз Замин тафовути зиёд дорад, қаноти чархбол бояд дар яке дақиқа 2500 бор тоб мехӯрд ва ин панҷ баробар босуръаттар назар ба Замин мебошад.

 

Барои сохтани ин чархболи хурд бо баландии 0,5 метр беш аз шаш сол сарф шуд.  

Ingenuity  батареяи офтобӣ ҳам дорад. То моҳи оянда озмоишҳо идома меёбад. Дар умум, фикри донишмандон ин аст, ки Perseverance ва Ingenuity баъди даҳ сол ба Замин баргарданд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.