Ҷоизаи “Бунёнгузор”

Асосномаи ҷоизаи “Бунёнгузор”-и ба номи Шириншо Шотемур

Моддаи 1
Ҳадаф аз таъсиси ҷоизаи мазкур қадрдонии ҷамъиятии фаъолияти рушангаройӣ ва тарғиби ниҳодсозӣ дар ҷомеа мебошад.

Моддаи 2
Ҷоизаи мазкур ба падидоварандагони ниҳоду тарҳҳои нав ё талош барои сохтани онҳо соле як маротиба супурда мешавад.

Моддаи 3
Номзадҳоро барои гирифтани ҷоиза гуруҳи шаҳрвандон тариқи таҳияи фарохон тариқи ҷамъоварии на камтар аз сад имзо, идораҳои ВАО ва созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод мекунанд.

Моддаи 4
Масъули Листи пешбурди номзадҳои Мудири иҷроия Кунгура мебошад, ки онро ба ҳайати доварӣ то Наврӯз пешниҳод мекунад. Ҳайати доварон иборат аз ҳафт нафар аз чеҳраҳои шохис ҳастанд, ки танҳо ду нафарашон аъзои Раёсати Кунгура буда метавонанд.

Моддаи 5
Доварӣ таи ду марҳила сурат мегирад. Ибтидо Листи аввалия арзёбӣ гашта, се-панҷ тан аз номзадҳо тариқи ройъдиҳии пӯшида ба марҳилаи дуюм роҳ меёбанд. Сипас доварон зимни ройъдиҳии пӯшида бо ҷалби ду довари нав, ки аз миёни мардум тариқи сомонаи Кунгура интихоб мешаванд, ройъ дода, ғолибро интихоб мекунанд.

Моддаи 6
Номи ғолиб тариқи пахши баёния эълон гашта, дар Рӯзи озодии баён аз ҷониби Раёсати Кунгура ё салоҳиятдори Раёсат супурда мешавад.

Моддаи 7
Ҷоиза аз нишони сарисинагӣ ва диплом иборат мебошад.