Ҷоизаи “Ҷасорат”

burinisso_berdieva

Асосномаи ҷоизаи “Ҷасорат” ба номи Буринисо Бердиева

Моддаи 1
Ҳадаф аз таъсиси ҷоиза қадрдонии мавзеъгириҳои устувор ва тарғиби фаъолияти густурда ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи башар мебошад.

Моддаи 2
Ҷоизаи мазкур ба ҳомиёни ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, журналистон ва блогнигорон ҳар сол як маротиба барои матолиби дар соли ахир нашргашта супурда мешавад.

Моддаи 3
Номзадҳоро барои гирифтани ҷоиза гуруҳи шаҳрвандон тариқи таҳияи фарохон бо ҷамъоварии на камтар аз 200 имзо, Идораи ВАО ва созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод мекунанд.

Моддаи 4
Масъули пешбурди феҳристи дарози номзадҳои мудири иҷроияи Кунгура мебошад, ки онро ба ҳайати доварӣ як ҳафта пеш аз Наврӯз пешниҳод мекунад. Ҳайати доварон иборат аз ҳафт нафар аз чеҳраҳои шохис ҳастанд, ки танҳо ду нафарашон аъзои Раёсати Кунгура буда метавонанд.

Моддаи 5
Доварӣ таи ду марҳила аз рӯи низоми даҳхолӣ сурат мегирад. Ибтидо феҳристи дароз арзёбӣ гашта, се- панҷ тан аз номзадҳо тариқи ройъдиҳии пӯшида ба марҳилаи дуюм роҳ меёбанд. Сипас доварон зимни ройъдиҳии пӯшида бо ҷалби ду довари нав, ки аз миёни мардум тариқи сомонаи Кунгура интихоб мешаванд, ройъ дода, ғолибро интихоб мекунанд.

Моддаи 6
Номи ғолиб тариқи пахши баёния эълон гашта, ҷоиза дар Рӯзи озодии баён аз ҷониби Раёсати Кунгура ё салоҳиятдори Раёсат супурда мешавад.

Моддаи 7
Ҷоиза аз баргаи ифтихор иборат буда, мукофоти дигар низ дошта метавонад.