Ҷоизаи “Наҷобат”

Асосномаи ҷоизаи “Наҷобат” ба номи Акбар Саттор

Моддаи 1
Ҳадаф аз таъсиси ҷоиза қадрдонии фаъолияти хоси хабарнигорӣ ва тарғиби арзишҳои касбиву рисолати журналистӣ мебошад.

Моддаи 2
Ҷоизаи мазкур ба журналистон ва блогнигороне эҳдо мешавад, ки дар лаҳзаҳои ҳассос ва мушкили фаъолият арзишҳои хабарнигорӣ ва хидмат ба ҷомеаро пос медоранд.

Моддаи 3
Номзадҳоро барои гирифтани ҷоиза шаҳрвандон, идораи ВАО ва созмонҳо пешниҳод мекунанд.

Моддаи 4
Масъули пешбурди феҳристи дарози номзадҳо мудири иҷроияи Кунгура мебошад, ки онро ба ҳайати доварӣ иборат аз ҳафт нафар то Наврӯз пешниҳод мекунад.

Моддаи 5
Доварӣ таи ду марҳила аз рӯи низоми даҳхолӣ сурат мегирад. Ибтидо феҳристи дароз арзёбӣ гашта, се-панҷ тан аз номзадҳо тариқи ройъдиҳии пӯшида ба марҳилаи дуюм роҳ меёбанд. Сипас доварон зимни ройъдиҳии пӯшида бо ҷалби ду довари нав, ки аз миёни мардум тариқи сомонаи Кунгура интихоб мешаванд, ройъ дода, ғолибро интихоб мекунанд.

Моддаи 6
Номи ғолиб тариқи пахши баёния эълон гашта, ҷоиза дар Рӯзи озодии баён аз ҷониби Раёсати Кунгура ё салоҳиятдори Раёсат супурда мешавад.

Моддаи 7
Ҷоиза аз баргаи ифтихор иборат буда, мукофоти дигар низ дошта метавонад.