Ҷоизаи “Садоқат”

sharifamoh_kishvardukht

Асосномаи ҷоизаи “Садоқат” ба номи Шарифамоҳи Кишвардӯхт

Моддаи 1
Ҳадаф аз таъсиси ҷоиза қадрдонии фаъолияти хоси хабарнигорӣ , тарғиби садоқат ба касбу рисолати журналистӣ мебошад.

Моддаи 2
Ҷоизаи мазкур ба бонувони журналист ва блогнигор ҳар сол як маротиба барои эҷоди матолиби пураҳмият ё амалисозии тарҳҳо дар масоили гендерӣ супурда мешавад.

Моддаи 3
Номзадҳоро барои гирифтани ҷоиза шаҳрвандон, идораи расонаҳо, факултаҳои рӯзноманигорӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод мекунанд.

Моддаи 4
Масъули пешбурди феҳристи дарози номзадҳо мудири иҷроияи Кунгура мебошад, ки онро ба ҳайати доварӣ иборат аз ҳафт нафар то Наврӯз пешниҳод мекунад.

Моддаи 5
Доварӣ таи ду марҳила аз рӯи низоми даҳхолӣ сурат мегирад. Ибтидо феҳристи дароз арзёбӣ гашта, се тан аз номзадҳо тариқи ройъдиҳии пӯшида ба марҳилаи дуюм роҳ меёбанд. Сипас доварон зимни ройъдиҳии пӯшида бо ҷалби ду довари нав, ки аз миёни мардум тариқи сомонаи Кунгура интихоб мешаванд, ройъ дода, ғолибро интихоб мекунанд.

Моддаи 6
Номи ғолиб тариқи пахши баёния эълон гашта, ҷоиза дар Рӯзи озодии баён аз ҷониби Раёсати Кунгура ё салоҳиятдори Раёсат супурда мешавад.

Моддаи 7
Ҷоиза аз баргаи ифтихор иборат буда, мукофоти дигар низ дошта метавонад.