“Аз Хадамоти алоқа пурсед”. Ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, қатъи Интернет кори дасти онҳо набуд

Намояндагони баъзе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон гуфтанд, ки қатъи муваққати интернет дар рӯзи гузашта аз онҳо вобаста набуд. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, шоми 16-уми сентябр ба муддати як соат дастрасӣ ба интернет номумкин шуд.  

Намояндагони ду ширкати мобилии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номашон ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки шоми гузашта дастрасӣ ба интернет қариб як соат қатъ шудааст. 

Ширкатҳои мобилӣ намехоҳанд, дар ин бора расман суҳбат кунанд, чун мегӯянд мумкин аст барояшон мушкил эҷод шавад. Аз чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон ягон ширкат дар сомонаҳои худ дар ин бора эълоне пахш накарда, аз муштариён ҳам узр напурсидаанд.  

Аммо масъули як ширкати мобилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ширкатҳо ҳеч гоҳ Интернети мизоҷашонро қатъ намекунанд. Ин масъаларо аз танзимгар, назоратгар ва фурӯшанда, яъне соҳиби бозори интернет Хадамоти алоқа ва ширкати зертобеаш “Тоҷиктелеком” пурсед.”  

Талошҳои мо барои суҳбат бо масъулини ширкати “Тоҷиктелеком” ва Хадамоти алоқа то ин лаҳза бенатиҷа буд. 

Дастрасӣ ба Интернет шаби гузашта дар соате қатъ шуд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон (Амрико) суханронӣ кард.  

Корбарони интернет мегӯянд, давоми қариб як соат натавонистанд ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шаванд. Бархе ҳам гуфтанд, барои муддате гуфтугӯ тавассути телефон низ номумкин шуд.  

Дар Тоҷикистон аз соли 2018 “Тоҷиктелеком” ширкати асосии дастраскунандаи Интернет ба кишвар аст. Ширкатҳои дигари мобилӣ аз “Тоҷиктелеком” интернетро мехаранд.  

Дар солҳои гузашта зиёд иттифоқ меафтод, ки дар вақти баромади намояндагони мухолифин дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ қатъ мешуд. Аммо ин аз камтарин ҳолат аст, ки интернет пурра хомӯш мешавад.  

Матлаб давоми рӯз такмил мешавад, бозгашт ба саҳифаро фаромӯш накунед.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.