Аз худкушӣ дар фурудгоҳи Душанбе то муроҷиати модари Иззат Амон ба Рустами Эмомалӣ

Прокуратураи генералӣ: “Айбномаи Қирғизистон алайҳи Диловар Ҷӯраев ангезаи сиёсӣ дорад”

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи қатъи таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ нисбати тоҷикистониён ба ҷониби Қирғизистон дархост ирсол намуд.

Инчунин аз ҷониби Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба Прокуратураи генералии Русия бо хоҳиши бе баррасӣ монондани дархости ҷониби Қирғизистон ва аз ҳабс озод кардани Диловар Ҷӯраев мактуб фиристода шуд.

Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қирғизистон Диловар Ҷӯраеви 52-соларо, ки 8 ноябр дар шаҳри Новосибирски Русия боздошт шуд, ба “авбошӣ” ва “барангехтани низои миллӣ” айбдор мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон зикр мекунанд, ки айбномаҳои Қирғизистон алайҳи Диловар Ҷӯраев ангезаи сиёсӣ доранд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон унвонии Прокуратураи генералии Қирғизистон дархост ирсол карда шуда, хоҳиш карда шудааст, ки ба таҷрибаи огоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад.

Дар муноқишаи сокинони маҳалливу муҳоҷирон ду ҷавони тоҷик ҷон доданд

Дар шаҳраки Заларии вилояти Иркутск дар пайи муноқишаи муҳоҷирони тоҷик бо сокинони маҳаллӣ, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда, 5 каси дигар бо чароҳатҳо ва осори сӯхтагӣ ба беморхона интиқол ёфтанд. Мақомоти тафтишотии ин вилоят гуфтаанд, ҷанҷол шоми 12-уми ноябр ба амал омад. Сипас сокинони маҳаллӣ вагонеро, ки дар он муҳоҷирони тоҷик зиндагӣ мекарданд, оташ заданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо нашри изҳорот гуфт, ки аз ин қазия огоҳ мебошад ва барои пайгирӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Иркутск ҳамкорӣ доранд. Ҳамчунин кормандони сафорат ва консулгарии генералӣ дар шаҳри Новосибирск ба вилояти Иркустк фиристода шудаанд.

Фурудгоҳ аз корманде, ки худкушӣ кард, аз маош қарздор набудааст

Зафар Ҷалолов, корманди Хадамоти амнияти авиатсионии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯзи 14 ноябр даст ба худкушӣ зад. Дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ ин маълумотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки фурудгоҳ аз пардохти музди меҳнат ба Зафар Ҷалолов қарздор набуд.

“Дарвоқеъ рӯзи 14 ноябр ҷасади корманди фурудгоҳ Зафар Ҷалолов дарёфт шуд. Сабабҳои худкушӣ маълум нестанд. Дар робита ба ин ҳодиса Прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кард”, – хабар доданд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.

Ба гуфтаи манбаъ, Зафар Ҷалолови 29-сола зодаи ноҳияи Восеъ буда, ҷияни собиқ роҳбари Хадамоти амнияти авиатсионӣ полковник Шодибек Ҷалолзода мебошад.

Модари Иззат Амон аз раиси шаҳри Душанбе кӯмак хост

Модари Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, барои додхоҳӣ ба қабули Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе рафтааст.

Дар як навори видеоӣ дида мешавад, ки Ашурбибӣ Холова вориди бинои идораи шаҳри Душанбе мешавад.

Ашурбибӣ Холова рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро муовини шаҳрдорӣ қабул карда, ваъда додааст, ки ҳарфҳояшро ба Рустами Эмомалӣ мерасонад.

Модари Иззат Амон мегӯяд чанд рӯз баъд аризаи шикоятӣ аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе дар Додгоҳи олӣ баррасӣ мешавад ва ӯ хостааст, ки “шаҳрдор барои тантанаи адолат мусоидат кунад”.

Ҷасади додситони Дарвозро дар манзили зисташ пайдо карданд

Тибқи гузоришҳо, додситон ё прокурори ноҳияи Дарвоз, Бахтиёр Ҳақназарзода, бар асари сӯхтор дар манзилаш ҷон бохтааст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса шаби гузашта дар шаҳраки Қалъаихум, маркази ноҳияи Дарвоз, рух додааст.

Тафсилоти ҳодиса то кунун дар даст нест ва мақомот ҳам то ба ҳол ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки Бахтиёр Ҳақназарзода дар чӣ шароите фавтидааст. Манобеъ дар Дарвоз гуфтанд, тафтиши ҳодиса шуруъ шудааст.

Бахтиёр Ҳақназарзода тақрибан панҷ сол боз прокурор ё додситони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

“Розӣ шудам”. Манижа пас аз нокомӣ дар “Евровидение” шавҳар мекунад

Овозхони маъруфи Русия ва зодаи Тоҷикистон Манижаи 30-сола (Манижа Сангин) хабар дод, ки ба шавҳар мебарояд.

Овозхон дар Instagram-и худ аксеро нашр кардааст, ки зери он чунин навишта шудааст: “Ман розӣ шудам”. Дар сурат духтар ангуштаринро дар дасташ нишон медиҳад.

Коргардон Ладо Кватания ба овозхон пешниҳоди издивоҷ кардааст. Аз муносибатҳои онҳо моҳи апрел маълум шуд, ки он замон Кватания ба Нидерланд рафт, то ки Манижаро дар озмуни Евровидение-2021 дастгирӣ кунад. Маҳз ӯ таҳиягар ва басаҳнагузори таронаи Russian Woman мебошад.

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори муқими Русия 29-сола аст. Ӯ ҳунарманди мустақил, муаллиф ва иҷрокунанда, коргардони клипҳо (намоҳангҳо)-и мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ ва аз соли 2019 сафири фонди “Подари жизнь” (Ҳаёт ҳадя намо), аз соли 2020 – сафири Ҳусни нияти СММ оид ба умури паноҳандагон мебошад.

Ҳукумати Душанбе ба ҳама нафақагирони аз 75-сола боло 100 сомонӣ медиҳад

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба нафақагирони аз 75-сола болои пойтахт ба маблағи 100 сомонӣ ёрии якдафъаина мерасонад.

Аз Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ин кумаки якдафъаина ба нафақагирони дар боло зикршуда ҳамасола як бор расонида мешавад.

Як масъули ин ниҳод гуфт, ки ин маблағ ҳамасола дар тирамоҳ ба нафақагирон дода мешавад.

“Ин пул моҳҳои октябр ё ноябр ба онҳо дода мешавад. Яъне рӯйхати онҳоро ҳукумати ноҳия ба ҳукумати шаҳр пешниҳод мекунад ва баъдан маблағгузорӣ карда мешавад. Ва охири моҳи ноябр ин маблағро мегиранд. Дар ин бора ба онҳо ҳангоми гирифтани нафақа аз бонкҳои маҳалли зист ё ҳукумати ноҳия хабар расонида мешавад».

Сообщение Аз худкушӣ дар фурудгоҳи Душанбе то муроҷиати модари Иззат Амон ба Рустами Эмомалӣ появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.