Аз миёни номзадҳо ба мақоми президентии Қирғизистон аз ҳама бештар Содир Ҷабборов харҷ мекунад

Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон дар бораи харҷи ситодҳои номзадҳо ба мақоми президентии ин кишвар маълумотеро дар сомонаи худ нашр кардааст.

Ба огаҳии комиссия, дар миёни номзадҳо ба мақоми президентии Қирғизистон то 18 декабр аз ҳама бештар — 47 миллиону 404 ҳазор сом (наздики 587 ҳазор доллар) ба бунёди интихоботии Содир Ҷабборов ворид шудааст. Ҷабборов то ҳол дар маъракаҳои интихоботии худ низ назар ба дигар номзадҳо пули бештар (43 млн 720 ҳазор сом) харҷ кардааст.

Ба буҷаи ситоди интихоботии номзад Бобурҷон Тобоев низ назар ба дигарон пули пештар гузаронида шудааст, ки каме бештар аз 9 миллион сом мебошад. Вале ӯ то ҳол 5 миллиону 687 ҳазор сомро харҷ кардааст.

Номзади дигар ва соҳибкор Иммомиддин Тошев низ аз нигоҳи харҷҳои интихоботии худ дар мақоми севум қарор дорад. Ба ҳисоби ситоди интихоботияш то ба ҳол наздики 4 миллиону 924 ҳазор сом ворид шуда, наздики 3 миллионаш харҷ гаштааст.

Буҷаи интихоботии номзадҳои боқӣ аз 4 миллион сом бештар нест.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қирғизистон қарор аст, 10 январи соли 2021 баргузор шавад. Дар он 18 номзад сабти номанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.