Аз поёни эътирозҳо дар Хоруғ то се медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмиллалӣ

Эътирози чоррӯза дар Хоруғ поён ёфт

Эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ пас аз музокирот бо мақомот ба эътирози чоррӯзаи худ поён доданд ва майдони назди ҳукумати вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тарк карданд. Ҳам мақомоти расмӣ ва ҳам намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ин хабарро тасдиқ карданд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” низ нимашаби гузашта хабари тарки майдон кардани тазоҳургаронро нашр кардаааст, ки дар он ҳамчунин аз санҷишу тафтиши ҳодисоти гузашта масоили мавриди назар аз сӯи мақомоти додситонӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфта мешуд.

Нисфирӯзии 28-уми ноябр пас аз нимрӯзи музокираи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо намояндагони ҳукумат вазъ дар Хоруғ ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст. Ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ мегӯяд, ҳамакнун фаъолияти нақлиёти умумӣ дар маркази Хоруғ ба низом даромадааст ва нуқтаҳои савдо ба таври маъмулӣ кори худро идома медиҳанд.

Як узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ин музокирот иштирок дошт, гуфт, пас аз музокираи 10 соата мақомот талаби ҷомеаи шаҳрвандиро қабул кард. Ба гуфтаи ӯ, мақомот ваъда доданд, афроде, ки дар майдон эътироз карданд, таъқиб намешаванд ва кормандони мақомоти интизомие, ки дар марги Гулбиддин Зиёбеков даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Посгоҳҳои изофӣ аз шаҳри Хоруғ бардошта мешаванд ва интернет дубора дастрас мешавад.

Аз Тоҷикистон ҳафт мошини боркаш ба Бадахшони Афғонистон ёриҳои башардӯстонаи СММ-ро бурд

Рӯзи 29-уми ноябр Барномаи озуқаи СММ ба вилояти Бадахшони Афғонистон аз Тоҷикистон ҳафт мошини борбарро бо ёриҳои башардӯстона ирсол кард. Дар бораи нияти ба қисматҳои шимоли Афғонистон интиқол додани кӯмакҳо тавассути хоки Тоҷикистон чанд рӯз пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд. Ин ёриҳо аз 2500 тонна орд иборат аст ва аз ҷониби Барномаи озуқаи СММ ба мардуми Афғонистон дода мешавад.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, кӯмаки мазкур ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.

“Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кӯмакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд,”-омадааст дар хабарномаи вазорат.

Як нуқра ва ду биринҷии варзишкорони тоҷик дар Abu Dhabi Grand Slam 2021

Паҳлавонони тоҷики маъруфи риштаи ҷудо Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳмиов дар мусобиқоти Abu Dhabi Grand Slam 2021 ё “Тоскулоҳи бузург”-и Абузабӣ се медал ба даст оварданд. Комроншоҳ ба гирифтани медали нуқра ва Ҷаҳонгиру Темур медалҳои биринҷии ин мусобиқотро соҳиб шуданд.

Ин мусобиқот рӯзи 26-уми ноябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз шуданд, ки то 28-уми ноябр давом карданд. Дастаи Тоҷикистон бо ба даст овардани 1 нуқраву ду биринҷӣ дар миёни 41 кишвари дунё мақоми 12-уми ин мусобиқотро касб кард.

Пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон 40 тамрини низомӣ барпо мекунад

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, дар мавсими зимистони имсола тахминан 40 даври тамринҳои низомиро барпо мекунанд ва машқҳои низомии онҳо 1-уми декабр шурӯъ хоҳанд шуд.

Дар ин бора имрӯз мақомоти низомии Русия хабар доданд. Дар ҷараёни ин машқҳо аз техникаи низомӣ, аз ҷумла, ҳавопаймову чархболҳои низомӣ истифода хоҳад шуд.

Машқҳои пойгоҳи Русия дар майдонҳои Лоҳур ва Сумбула барпо мешавад ва дар он мутахассисони низомии соҳаи ҳимояти радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологӣ, низомиёни бахши дифои зиддиҳавоӣ ҷалб мешаванд.

“Азизи домсоз” 30 сол ва ҳамроҳонаш аз 19 то 28 сол равонаи зиндон шуданд

Додгоҳ роҳбари яке аз ширкатҳои хонасозӣ дар Тоҷикистон Азизулло Абдуллоев, ки бо номи “Азизи домсоз“ низ машҳур аст, ба 30 сол ва ҳамроҳони ӯро аз 19 то 28 сол равонаи зиндон намудааст. Дар ин бора вакили дифои яке аз маҳкумшудагон ба ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфтааст, ҳукми ҳамаи онҳо 25 ноябр аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуда, молу мулки Азизулло Абдуллоев, аз ҷумла биноҳои бунёдкардааш ва манзилҳои зисташ низ мусодира шуданд.

Ба иттилои вакили дифоъ, ҳамроҳони дигари Азизулло, Тулаганов Азамат, Содиқов Сиёвуш, Бурон Самадов ба 28 сол, Мурод Хуҷаев ба 25 сол ва Сорбон Сабзқадамов ба 19 соли зиндон маҳкум шуданд.

Наздикони Азизулло Абдуллоев аз ҳукми додгоҳ розӣ набуда ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Мақомот Азизулло Абдуллоев ва ҳамроҳони ӯ Сорбон Сабзқадамов, Бӯрон Саматов, Мурод Хӯҷаев Азамат Тӯлагановро ба қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо мутаҳҳам мекунанд.

Сообщение Аз поёни эътирозҳо дар Хоруғ то се медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмиллалӣ появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.