Аз заҳролуд шудани 9 нафар дар Хатлон то медали тиллоии хонандагони тоҷик дар Туркия. Мухтасари хабарҳои рӯз

Солҳои 2022-2024 Тоҷикистон 1 млрд қарзи хориҷӣ ҷалб карданист

Ҳукумати Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ се соли наздик ба маблағи зиёда аз 1 млрд доллар қарзҳои хориҷӣ гирифтанист.

Дар ин бора дар Барномаи давлатии қарзҳои хориҷии ҶТ барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳо барои солҳои 2023-2024, ки бо қарори ҳукумат қабул ва ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон фиристода шудааст, сухан меравад.

Дар доираи Барнома соли 2022 ҷалби 292,8 млн доллар, соли 2023 – 360 млн доллар ва соли 2024 – 364,4 млн доллар қарз дар назар аст.

Дар санад зикр мешавад, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 230,2 млн доллар қарзҳо равона мешаванд.

Гуфта мешавад, то 1 октябри соли 2021 ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон 3,8 млрд долларро ташкил дод, ки ба 44,6%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар сохтори қарзи давлатӣ ҳудуди 3,3 млрд доллар ва қарзи дохилӣ – 500 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар Хатлон 9 нафар, аъзои як хонавода заҳролуд шудаанд

Дар Мӯъминобод дар пайи як ҳодиса нӯҳ нафарро бо нишонаҳои заҳролудшавии шадид фавран ба беморхонаи бемориҳои сироятии Кӯлоб интиқол додаан, хабар медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон. Онҳо аз консерва заҳролуд шудаанд.

Ҳамаи онҳо сокинони деҳаи Шулулу ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Мӯъминобод буда, аллакай заҳролудшавӣ дар онҳо ташхис шудааст, афзудааст КҲФ

Гуфта мешавад, аз ҳама фарди хурди заҳролудшуда 6 ва калонашон 64-сола буда, ҳамагӣ аъзои як хонаводаанд.

Ҳоло беморон дар беморхона бистарӣ шуда, дар он ҷо табобати мувофиқ мегиранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шарҳ дод, ки вазъи онҳо қаноатбахш арзёбӣ шуда, ба ҳаёташон таҳдиде нест.

Тоҷикистон барои шаҳрвандони 52 кишвари дигар иҷозаи вуруди бидуни раводидро дод

Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвар реҷаи бидуни раводиди якҷониба ҷорӣ мекунад.

Бо қарори ҳукумат муҳлати будубоши ин гуна афрод дар қаламрави Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар шудааст.

Ба Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилӣ, КДАМ Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки назорати иҷрои қарори мазкурро таъмин кунанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ба огоҳии кишварҳои дахлдор бобати ҷорӣ гардидани реҷаи бидуни раводиди якҷониба масъул шудааст.

Айни замон Тоҷикистон бо 58 кишвари ҷаҳон реҷаи бидуни раводиди дуҷониба (ё раводид ҳангоми расидан бар марз)-ро дорад.

Муфтии Русия: Корфармоён бояд барои муҳоҷирон шароити мусоид фароҳам кунанд

Раиси Шӯрои рӯҳониёни мусулмони Русия Албир Крганов гуфтааст, муассисаҳое, ки муҳоҷиронро ба таври оммавӣ ба кор ҷалб мекунанд, бояд масъалаи ҷойи зисти онҳоро ҳал карда, барои иқоматашон шароити мусоид фароҳам оварданд.

Дар ин бора Крганов дар сӯҳбат бо РИА Новости иброз дошта, аз ҷумла таъкид намудааст, ки муроҷиати сокинони деҳаи Сосенсокеро пуштибонӣ мекунад. Мардуми бумии ин минтақа баъди кӯчонидани маркази ягонаи муҳоҷират аз Пулкова ба Сахарово ба Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсони назди президенти Русия оид ба вазъи ҷинотякорӣ шикоят бурдаанд.

Крганов ишора намудааст, ки корфармоён бояд натанҳо дар фикри пулкоркунӣ аз ҳисоби муҳоҷирон бошанд, балки масъалаи шароити дурусти ҳузур ва зиндагии онҳоро дар Русия таъмин намоянд. Муфтӣ ҳамчунин аз он ёдоварӣ кардааст, ки дар Маркази савдои “Фудситӣ, раҳбарият бо вуҷуди дархости Шӯрои муфтиёти Маскав, барои муҳоҷирон ҷойи намозхонӣ ташкил накардааст.

Хонандагони тоҷик дар Туркия 10 медали тилло гирифтанд

Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалӣ ба гирифтани 39 медал даст ёфтанд, хабар медиҳад Сараёсати маорифи пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, олимпиадаи мазкур аз 31 октябр то 7 ноябр дар шаҳри Анталия сурат гирифт ва Тоҷикистонро 59 толибилм намояндагӣ карданд.

Манбаъ меафзояд, 39 нафар аз хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ даст ёфтанд. Аз ҷумла 10 нафар медали тилло гирифта, 12 нафар медали нуқра ва 17 тани дигар ба гирифтани медали биринҷӣ муваффақ шуданд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар ин олимпиада аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия ва биология ширкат варзиданд.

Дар Тоҷикистон қариб кулли атфол аз фалаҷ ваксин гирифтанд

Ба гуфтаи директори генералии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Файзалӣ Саидзода, дар маҷмӯъ се даври эмкунии иловагии кӯдакони то 6-сола гузаронида шуд.

Дар давраи якум ба 1,2 миллион нафар бачагон, ё худ 99,2 фоиз фаро гирифта шуданд. Дар ин давра 16,3 ҳазор кӯдаки меҳмон низ эм карда шуданд.

Аллакай дар давраи дуюми маъракаи оммавӣ боз 1,3 миллион кӯдак ё 99,1 фоиз ва 16,9 ҳазор нафар кӯдакони меҳмон низ эм шуданд.

“Аз 30 август то 12 сентябри соли 2021 даври сеюми рӯзҳои иловагии эмкунӣ дар шаҳрҳои Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки Зиёда аз 796 ҳазор кӯдак ё 99,6 фоиз, инчунин зиёда аз 5,3 ҳазор нафар меҳмонон эм карда шуданд”, – гуфт Саидзода.

Ба Душанбе боз ним миллион вояи дигари ваксинаи зидди коронавирус ворид карданд

Тоҷикистон 500 000 ваксинаи “КоронаВак”, истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd”-и Чинро дастрас кард.

Бастаи навбатии ваксина дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва мутақобилан судманди Чину Тоҷикистон ба Душанбе оварда шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Ваксинаро дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати Чин дар Тоҷикистон қабул кардаанд.

Гуфта мешавад, ки бастаи бузурги воридшуда дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ нигоҳ дошта шуда, тибқи нақшаи миллии эмгузаронӣ дар кишвар истифода мешавад.

Тибқи маълумоти ахир, Тоҷикистон аллакай 5 миллиону 187 ҳазор воя барои мубориза бо коронавирус дарёфт кардааст.

Сообщение Аз заҳролуд шудани 9 нафар дар Хатлон то медали тиллоии хонандагони тоҷик дар Туркия. Мухтасари хабарҳои рӯз появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.