Азим Иброҳим: “Бинобар пандемия 300 млн сомонӣ камтар бор ва мусофир кашонида шуд”

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта бинобар пандемияи фарогири КОВИД-19, ба маблағи 300 миллион сомонӣ камтар бор ва мусофир кашонидааст. Наздик ба як сол мешавад, ки бинобар паҳншавии КОВИД-10, мусофирон аз Тоҷикистон наметавонанд тариқи қатора ба берун сафар кунанд ва низ вориди кишвар шаванд. Боркашонӣ ҳам дар ин давра ба маҳдудиятҳое рӯбарӯ шудааст.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки ҳатто сар аз ҳамин рӯз мусофиркашониро бо қатор ба кишварҳои дигар, шурӯъ кунад. Вале ба гуфтаи ӯ, бинобар мавридҳои зиёди гирифторӣ ба ин беморӣ дар Русия, аз ин амр ҷилавгирӣ мекунанд.

Дар даврони пандемия ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия мунтазири бозгашт ба ватан буданд ва бахше аз онҳо ба воситаи парвозҳои чартерӣ ё ғайринақшавӣ ба кишвар баргаштанд, вале бархеи дигар ба сабаби камии пулу нарасидани навбат мунтазири кушода шудани роҳи оҳану роҳҳои заминӣ монданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ ҳамзамон гуфт, ки ҳар як вагони бордор вақте вориди Тоҷикистон мешавад, нахуст аз лиҳози беҳдошти пурра коркард шуда, сипас иҷозаи вуруд дода мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон аз ин қабл гуфта буданд, ки зарари умумӣ ба иқтисоди кишвар метавонад зиёд аз 2 миллиард долларо ташкил диҳад ва дар оянда ҳам афзоиш ёбад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи сентябр дар 75-умин нишасти солонаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, пандемия ба сармоягузории хориҷӣ, тиҷорат, сайёҳӣ ва ба вижа фаъолиятҳои нақлиётӣ таъсир расонда, боиси паст рафтани тамоми соҳаҳои иқтисод шудааст.

Пандемия ҳамчунин боиси коҳиши наздик ба 40 дарсадии пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия шудааст. Пули мефиристодаи муҳоҷирон яке аз манбаъҳои муҳими чархиши иқтисоди кишвар дониста мешавад.

Аз моҳи март ба ин тараф парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистон қатъ шуда, арсаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, ки як бахши пурдаромади иқтисод ба шумор мераванд, тақрибан аз даромад бозмондааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.