Азим Иброҳим гуфт, роҳҳои пулакӣ дар баррасӣ нест

Тоҷикистон ҳоло масъалаи ҷорӣ кардани роҳҳои нави пулакиро баррасӣ намекунад. Дар ин бора дирӯз вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар як нишасти матбуотӣ  хабар дод. Вазири нақлиёт бо ишора ба масъалаи гуё пулакӣ шудани роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар гуфт, ин роҳ феълан бозсозӣ мешавад. «Имсол татбиқи марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳаи роҳи мазкур  ба анҷом мерасад. Марҳилаи сеюми лоиҳаи Кизилқалъа-Бохтар, ки 9,2 км дарозӣ дорад, таҷдид мегардад ва бо ҳамин сабаб, ба гуфтаи вазир, ҳоло мавзӯи пулакӣ кардани ин роҳ матраҳ нест. Ду соли пеш  вазорати нақлиёт гуфта буд, ки баъди бозсозӣ шудани роҳи Душанбе Бохтар он пулакӣ мешавад. Он замон гуфта шуда буд, ки миёни Душанбе ва Бохтар тавассути ноҳияи Ёвон роҳи алтернативӣ вуҷуд дорад ва ҳаракат тариқи роҳи оҳан низ имконпазир аст. Ин  гуфтугузорҳо  дар ҷомеа мавҷи интиқоди зиёдеро ба бор оварда, бархеҳо ин иқдомро ба зарари мардум донистанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.