Азиз Сангин: фазои сиёсиро, аз вуҷуди заҳрогинатон холӣ кунед

Дар ин чанд соли охир ҳамеша маро ин суъол ба худ машғул медошт, ки чаро дар фазои сиёсии Тоҷикистон, нерӯе куҷо, ки ҳеҷ чеҳраи нави андешазо, фазосоз ва таъсиргузоре падиднамеояд? Хуб, посух бисёр содаву рӯшан аст, мегӯед шумо. – Ҳукумат фазоро танг кардааст, мухолифонро саркӯб мекунад, андешаи навро буғӣ месозад, яккаҳокимиятӣ ҷавлон мезанад ва ғайра. Вале оё шумо боре фикр кардед, ки фазои хориҷ аз кишварро чӣ балое задааст, ки аз он ҳеҷ шаҳсаворе берун намеояд?
Агар бар ин бовар бошем, ки тақрибан якуним то ду миллион ҳамватани мо дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ мекунанд, чаро ба ҷуз чанд нафари бадномшуда як чеҳраи ҷолиб, тоза, шуҷоъ бо андешаву тафаккури миллӣ, аз ин шумор зуҳур намекунад?
Дуруст аст, ки мегӯянд вақт, замон ба ҳама пурсишҳои инсон посух хоҳад гуфт. Ҳол, баъди ин ҳама сагҷангҳо, “ошкорбаёнӣ”-ҳо, “ҳақталошӣ”-ҳо ва ҳаққуззаҳматалошиҳои “сиёсатмадорон”-амон дар васоити ахбор ва фазои маҷозӣ манзара пеши чашмамон рӯшану возеҳ боз мешавад: ҳамин “сиёсатмадорон”-и бесиёсат, ҳамин диктотурчаҳое, ки “қаламрав”-ҳошон ба андозаи қадду ҷопойу ҷонамозу азҳони тангу торашон ҳаст, ин фазоро заҳрогин, ноқобил, нозо ва кушанда сохтаанд.
Ҳоло тасаввур кунед, ки яке аз ин “пешво”-ён бо ҳамин пешинаи “тобнок”, бо ҳамин кӯлабори “маънавӣ” ва “дороӣ”-ҳои зеҳнӣ раиси ҷумҳур он тараф, вазире ҳам не, раисчаи як коргоҳ бошад, чӣ нағмаҳое аз худ ба зуҳур меорад?!
Инҳо ҳаргиз аз ҷомаву пираҳантунбону шинелҳои ба қадашон буридаву дӯхтаи тӯраҷонзодаҳою саидабдуллоҳо, петкелҳою каримуфҳо берун наомаданд. Дар ақсои олам парешон шуданд, вале оламгарою одамгаро нашуданд, ҳамон маҳалгарою пешвогарою бутгарои “сохт”-и тоҷикӣ, ҳамон вовчику юрчик монданд.
Дар лабакошон “озодӣ”-ю “демукросӣ”, дар дилакошон ҳасрати як луқмаи равғанӣ, як мансабча, як бозорча, як-ду ҷондору лаббайкнавоз…Дар тасаввури беморашон Монделлою Че Гевара ҳастанд, вале сари сӯзан ҳавсалаву таҳаммули як ҳарфи мухолиф, як интиқод ва як ақидаи ғайрро надоранд. Ҳамчуноне, ки пешвоҳояшон дар оғози истиқлолият андешаҳои сабзу созандаи Тоҳири Абдуҷабборро помолу парпар карданд, инҳо бо шеваҳои кушандатар, аз фарти ҳасодат, аз тарси “ҷои маро танг накунад”, ё бо дасисаву тавтеъа ё бо таҳдид ё бо изҳори дӯстию садоқати рӯбаҳона ҳар падидаи тозаву рӯё, ҳар андешаи созандаю боландаро ғофилгир ва дарзамон нобуд месозанд.
Бар ин назарам, ки фазои сиёсию маънавии хориҷ аз Тоҷикистон боястӣ муҳите бошад барои зоишу рӯишу парвариши зеҳнҳои поку рӯшангару раҳо, ояндабин, ояндасоз ва миллӣ, кӯрагоҳе бошад барои обутоби андешаҳои солим ва созанда.
Вале ҳар қадар, ки замон мегузарад ва пардаҳою ниқобҳоро бармефиканад, итминони бештар ҳосил мешавад, ки то вақте ин ҷанобони садрӯяю садкуна рӯи зини аспони ориятӣ бо шамшерҳои охта дар ин фазо ҷавлон мезананд, ҳама умеди рӯиши ҷавонаҳои сабзу боровар барбод аст.
Худи ҳузури инҳо дар ин фазо, ҳузури номи инҳо дар сархатҳо, дар солунҳо, дар маҳофил, дар васоити ахбор ба сифати ину он маънои бадномии фазои сиёсии Тоҷикистонро дорад, маънои бадномии вожаҳои муқаддаси “озодӣ”, “демокросӣ”, “наҳзат”, “мардумсолорӣ”, “мубориза”, сиёсатмадор” “манофеъи миллӣ” ва ғайраро дорад. Ҳузури инҳо фазои сиёсӣ ва иттилоъотиро заҳрогину нафасгир ва заминаҳои рӯишу рушди андешаҳо ва шахсиятҳоро ғайриқобилу мунҷамид месозад.
Пас, пешниҳоди ман ба ҷанобон ин аст: фурсате доред, ки ҳадди ақал як бор барои миллату ватанатон кори хайре анҷом бидиҳед. Тирезаҳоро боз бикунед, олудаҳотонро, ҷулу пӯстакатонро ҷамъ оваред ва фазоро, таъкид мекунам, фазои сиёсиро, аз вуҷуди заҳрогинатон холӣ кунед.
Шумо, ки ҳар бор бод дар шикаматон гиреҳ афтод ” озодӣ!” нидо мекунед, ҳадди ақал як бор ба асли ин вожаи муқаддас содиқ бимонед ва миллатро аз ҳузури зиёнбори худ озод кунед, то шахсиятҳои нав, андешаву ҳарфу садои тоза ва ҳавои тоза зуҳур пайдо кунанд. Вассалом.
Донморк, 02.11.2020

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.