Азиза Давлатова ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар марги Мадина Мамадҷонова гунаҳгор дониста шуд

Азиза Давлатова, муттаҳам дар шиканҷа ва марги Мадина Мамадҷонова ба мудати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Вале бар асоси қонуни авф 1 соли он кам карда шуд. Хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ҳукмро Додгоҳи олӣ рӯзи 28-уми декабр дар СИЗО-и Душанбе содир кардааст.

Як манбаи Your. tj  хабар дод, ки  Азиза Давлатова мувофиқи модаи 104 КҶ одамкушӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Вале тибқи қонуни авф як соли онро кам карданд. Азиза Давлатова мудати 10 сол дар зиндон мемонад.

Ёдовар мешавем, ки Азиза ва Парвиз рӯзи 31 октябр боздошт шуда буданд. Азиза Давлатова тибқи моддаи 32, қисми 3 ва 104, қисми 1 (суиқасд ба куштор) гунаҳкор дониста мешавад.

Парвиз Давлатов аз рӯи се модаи КҶ ҶТ – 117 қисми 2, банди “в” (азобу уқубати шахси дар ҳолати нотавонӣ қарор дошта), 109 (ба худкушӣ расонидан) ва 170 (дузанагӣ) маҳкум шуд. Парвизро аз рӯи ду модда бар асоси шаҳодати ҳамсараш Азиза Давлатова  гунаҳкор донистанд. Сухан дар бораи фишори маънавӣ ва озори ҷинсии ҳамсари якум Азиза меравад.

Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки Давлатов чанд сол инҷониб зани якумашро мавриди озори маънавӣ ва ҷисмонӣ карор додааст. Бар асари фишори доимии равонӣ Азиза Давлатова ду маротиба қасди худкушӣ кардааст.

Азиза Давлатова дар суиқасд ба ҷони ҳамсари дуюми Парвиз Мадина Мамадҷонова муттаҳам мешавад. Мадина Мамадҷонова пас аз буғии Азиза Давлатова ба далели халалдор шудани фаъолияти ҳарду нимкураи мағзи сар зиёда аз се моҳ дар ҳолати вегетативӣ, яъне беҳушӣ қарор дошт ва ниҳоят рӯзи 15 декабр аз дунё гузашт.

Парвиз ва Мадина пас аз паҳн шудани вазъи Мадина дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуданд. Бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудани Азиза Давлятова  сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

Фаъолони ҷомеа ба раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо дархости таъсир расонидан ба ин қазияи ҷиноӣ муроҷиат карданд.

Ба далели ин ҳодиса муовини аввали додситони ноҳияи Сино Сӯҳроб Салимзода, ки фармони афви гумонбарро имзо карда буд ва сардори ОМВД Сино-2 Зафар Исмоилзода аз вазифа озод карда шуданд.

Сообщение Азиза Давлатова ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар марги Мадина Мамадҷонова гунаҳгор дониста шуд появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.