Азозил аз Худо тарсе надорад, вале тарсад зи каҷгарди дурӯғгӯ

Д У Р Ӯ Ғ Г Ӯ
Надидам дарди чун дарди дурӯғгӯ,
Надидам сардӣ, чун сарди дурӯғгӯ.
Сари ҷамъи гунаҳ андар дурӯғ ҳаст,
Ба ҳар бад сар занад фарди дурӯғгӯ.
Зани фоҳишае, ки рост гӯяд,
Бувад беҳтар зи ҳар марди дурӯғгӯ.
Тамоми гарди дунё мешавад пок,
Нагардад пок як гарди дурӯғгӯ.
Тавон аз қайди шатранҷӣ бароӣ,
Наёбӣ роҳ аз нарди дурӯғгӯ.
Зи неши хори марғелон чӣ тарси?
Битарс аз атри дар варди* дурӯғгӯ.
Ба зардӣ заъфарон беранг бошад,
Ба пеши ҳар гули зарди дурӯғгӯ.
Азозил аз Худо тарсе надорад,
Вале тарсад зи каҷгарди дурӯғгӯ.
На имону на паймон ҷӯву не дин,
Зи ҳарфу қавли дар барди* дурӯғгӯ.
Сагу хар парваридан нафъ дорад,
Нараст як дил зи парварди дурӯғгӯ.
Муҳаммад бо Каёнӣ гӯшашин шав,
Зи тардастони дилсарди дурӯғгӯ.
Муҳаммад Алии Нуралӣ
*Вард-гули садбарги сурх
*Бард-хунук, сард.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.