Б.Карриева: “COVID-19 ҳушдоре шуд, ки бояд ба ҳама ҳолати изтирорӣ омода бошем”

Бахтигул Карриева, раҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, созишномаи дусолаи ахиран миёни дафтари аврупоии ин созмон ва вазорати беҳдошти Тоҷикистон имзошуда бо ҳадафи роҳандозии тадбирҳои бештари давлатӣ дар бахши беҳдошт дар солҳои 2020-2021 имзо шудааст. Созишнома рӯзи 20-уми октябр ба таври онлайн вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва аз Аврупо Ҳанс Клуге, раҳбари дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ имзо кардаанд. Дафтари аврупоии СҶТ масъули кор бо Тоҷикистон ҳам мебошад.

Буҷаи ин тарҳи ҳамкории дусола 2,5 миллион доллар буда, аз ҷониби ҳарду тарафи имзокунанда, инчунин Иттиҳоди Аврупо ва шариконаш таъмин мешавад.  Дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ Карриева аз шарҳи ҷузъиёти марбут ба буҷаи созишнома худдорӣ кард, вале гуфт, СҶТ ӯҳдадор аст, ки дастрасии хадамоти тиббӣ ба ҳамагонро таъмин карда, сиёсати кам кардани қимати хадамот ва нархҳои маводи доруворро амалӣ кунад. Карриева рӯзи 23-юми октябр дар номааш ба унвонии Радиои Озодӣ гуфт, СҶТ Стратегияи нави Тоҷикистон оид ба тандурустӣ дар солҳои 2021-2030-ро пуштибонӣ мекунад ва дар доираи ин ҳамкориҳо маблағгузории соҳаи тандурустӣ, соддаву дастрастар кардани ёрии авалияи тиббӣ ва коҳиши сарбории бемориҳои ғайрисироятӣ ва хатарҳои онро идома медиҳад.

Бахтигул Карриева таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон “тамоюли мусбати коҳиши маргумири модарон” мушоҳида мешавад, вале “беҳтар кардани саломатии насли ҷавон як вазифаи муҳим” мебошад. “Пандемияи COVID-19 ҳушдоре шуд, ки бояд ба ҳама ҳолати изтирорӣ омода бошем ва зарурати ҳамгироии муқаррароти сохторҳои байналмилалии тиббӣ ба стратегияи миллиро таъкид кард”, мегӯяд Карриева.

Созишномаи ҳамкориҳои дусолаи миёни Вазорати тандурустӣ ва СҶТ дар баробари муқобила бо пандемияи COVID-19, инчунин мубориза бо дигар бемориҳои сироятӣ, ғайрисироятӣ, таъмини назорати эпидемиологӣ ва дигар тадбирҳои тиббиро мадди назар қарор додааст.

Дар ҷараёни имзои ин созишнома вазир Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст, “нақши ёрирасони СҶТ барои татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 хеле муҳим хоҳад буд”. Вай Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро “шарики стратегӣ ва махсусан муҳим” номида, афзудааст, ҳадафи ҳамкориҳо “фарогирии аҳолӣ бо хадамоти тиббӣ мебошад”.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ як ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид буда, аз соли 1992 инҷониб дар Тоҷикистон кор мекунад. Вазифаи асосии дафтари созмон дар Душанбе “вокуниш ба дархостҳои ҳукумат дар заминаи эҷоди сиёсати босуботи беҳдоштӣ” мебошад.

Расидагӣ ба мушкилоти мисли эмкунӣ бар зидди бемориҳои сангин, назорати вазъи эпидемиологӣ, кумак барои кам кардани паҳншавии HIV/СПИД, сил, амнияти ғизо аз доираи асосии кори созмон ба шумор меравад.

Вале мавзеъгирии масъулони дафтари созмон дар масъалаи мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон (баҳори имсол) дар дохил ва хориҷи кишвар танқиди зиёд шунид.

Бахусус мудири собиқи дафтари созмон дар Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз мавқеи Вазорати беҳдошт ва ҳукумат, ки то охири моҳи апрел мегуфтанд, “дар Тоҷикистон ҳолатҳои олудагӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад”, мавриди интиқоди сахт қарор гирифт.

Бо гузашти ним сол аз он танқидҳо ҳоло ҳам бовар меравад, ки мақомот омори воқеӣ ва шиддати паҳншавии коронавирусро дар Тоҷикистон пурра ошкор намекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.