Баҳси Афғонистон ва “Толибон” дар Итолиё

Дар нишасти изтирорӣ ё фавқулодаи бист кишвари саноатии ҷаҳон (G20) дар Итолиё масъалаи Афғонистонро баҳс хоҳанд кард. Нахуствазири Итолиё 29-уми сентябр дар нишасти матбуотӣ дар Рум гуфт, “нишаст 12-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд”. Вай афзуд, ҷомеаи байнулмилалӣ бояд стратегияеро таҳия кунад, то нагузорад, ки Афғонистон ба паноҳгоҳи амни шӯришён табдил шавад. Ба гуфтаи сарвазири Итолиё, дар нишасти ду ҳафтаи баъд намояндагони Қатар, Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳам иштирок хоҳанд кард. Итолиё имсол раёсати даврии “Гуруҳи 20”-ро ба дӯш дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.