Баҳси чӣ гуна дафн кардани қурбониёни COVID-19. Тоҷикистон аз СҶТ тавсия хост

Мақомоти Тоҷикистон аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостаанд, ки роҳи амн, вале бо риояи талаботи мусалмонии дафни ҳалокшудагон аз бемории COVID-19-ро пешниҳод кунанд.

Аз охири моҳи март ба ин тараф мақомот ҷасади афродеро, ки ба гуфтаи онҳо аз бемории илтиҳоби шуш ва ё коронавирус фавтидаанд, ба наздиконашон намедиҳанд ва шитобкорона ва бе риояти бисёре аз аркони исломӣ ва ё маросими видоъ дафн мекунанд. 

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтааст, “хуб мешуд, дар ҷараёни шустани майит ва дафни он ба қадри имкон талаботи фарҳангӣ ва мазҳабӣ ба эътибор гирифта шавад”.

“Бо риояи ҳамаи талаботи гигиенӣ дидани рӯйи майит, ғусл додан ва дар қабр ниҳодани он аз ҷониби ҳадди ақал яке аз шахсони наздик миёни ҷомеаи мо бисёр ҳассос аст. Вобаста ба ин мавзӯъ, мавқеи созмонро донистан мехоҳем”, – афзудааст ӯ.

Давлатзода дар идома ба ин нукта ҳам ишора кардааст, ки теъдоде аз беморони COVID-19 дар хона табобат мегиранд ва эҳтимоли фавти онҳо низ вуҷуд дорад ва дар ин сурат тартиби дафнашон чӣ тавр бояд бошад.

Мулоқоти раҳбарияти Кумитаи дини Тоҷикистон бо намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 13-уми май дар Душанбе сурат гирифт. 

Патрик О-Конор, раҳбари ҳайати СҶТ гуфтааст, рӯзҳои наздик дар як гузориш тавсияҳои худро вобаста ба ин масъала баён хоҳанд дошт.

Қаблан Ёдгор Файзов, раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини раиси Маҷлиси Миллӣ дар ҷаласаи Ситоди вилоятии муқобила бо COVID-19 гуфтааст, ​”то лаҳзаи омода гардидани манзили охират ҷасад дар беморхона мемонад ва танҳо бо тавсия ва ҳузури табибон он ба хок супорида мешавад”.

Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”, вай пешниҳод кардааст дар ин давраи мушкил “бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ аз риояи баъзе расму суннатҳои исломӣ ва аҷдодӣ муваққатан худдорӣ варзем.”

Ин масъала дар ҳоле дар сатҳҳои боло баррасӣ мешавад, ки наздикони бархе аз қурбониёни бемории ҳамагир аз шеваи дафни онҳо норозиянд. Бахусус, ки ба пайвандони шахси фавтида иҷозат нест, ӯро аз наздик бубинанд ва дар дохили қабр гузоранд. Ҳамчунин дар аксар маврид ҷасадҳоро селофанпеч ба оромгоҳ мебаранд.

Мақомот мегӯянд, ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав аст ва бояд мардум вазъро дарк кунанд.

Ба иттилои расмӣ то 12-уми май дар Тоҷикистон коронавирус ба 729 кас сироят карда, боис ба марги 23 нафар шудааст. Аммо дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни COVID-19 дар Интернет номи беш аз 170 нафарро навиштаанд.

Мақомот ин феҳрастро тасдиқ намекунанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.