Баҳси мақомоти аврупоӣ сари таъмини воксинаҳо тӯл кашид

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо натавонистанд дар заминаи тақсими воксинаҳои зидди COVID-19 дар миёни кишварҳои узв ба мувофиқа расанд ва ҳушдор доданд, ки бархе воксинаҳо аз вуруд ба ин қаламрав боздошта мешаванд. Урсула вон дер Лейен, президенти Комиссиюни Аврупо рӯзи 25-уми март ҳушдор дод, ки Иттиҳоди Аврупо иҷоза намедиҳад, ки  воксинаҳои зидди COVID-19 ба Бритониё содир шаванд, то замоне, ки ширкатҳо ваъдаҳои худро барои таъмини Иттиҳоди Аврупо бо ваксина иҷро накунанд. Ишораи Вон дер Лейен ба воксинаи навъи AstraZeneca буд. Ӯ гуфт, ки ширкатҳо пеш аз он ки аз паи содитори воксина  ба  хориҷа мешаванд,  бояд созишномаҳои имзошударо эҳтиром кунанд. Дар поёни ҷаласа раҳбарони аврупоӣ натавонистанд ба мувофиқа расанд, ки тарзи тақсими 10 миллион дона воксина чӣ гуна сурат мегирад ва тасмим гирифтанд, ки ин баррасиҳоро  сафиронашон идома диҳанд. Бо вуҷуди таъхир дар таъмини воксинаҳо, мақомоти аврупоӣ умедворанд, ки то охири тобистон 70 дарсади сокинони калонсоли қора эм карда мешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.