Баҳси мавзуи оташбас миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар Доҳа

Рӯзи дуюми музокирот миёни гуруҳи Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар Қатар идома мекунад ва эҳтимолан мавзуи оташбас дар ин кишвар баҳс шавад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии сулҳ дар Афғонистон, ки ба ҳайати давлатӣ дар ин музокирот раҳбарӣ мекунад, ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ки Толибон бар ивази раҳоии ҷангиёнашон аз зиндон эҳтимол гузаштҳои бештаре кунанд.

Дар рӯзи оғози музокирот дар Доҳа ҳукумати Афғонистон ва ҳампаймонҳои ин кишвар, мисли ИМА ба оташбас даъват карданд.

Толибон зимни сӯҳбат аз сулҳ чизе нагуфтанд.

Таҳлилгарон вориди гуфтугӯ шудани ҳукумат ва гуруҳи Толибонро дастоварди бузург медонанд, вале мегӯянд, ин ба он маъно нест, ки роҳи расидан ба сулҳ наздик шудааст.

Ҷозеп Борелл, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, ки онлайнӣ дар ин мулоқот ҳузур пайдо кард, гуфт, ки ҳеҷ чиз набояд монеи қабули оташбас аз ҳарду ҷониб шавад.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки музокирот “бидуни шак, бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ хоҳад шуд”, аммо ӯ даъват кард, ки ҷонибҳои даргир бо “истифода аз имконият” барои расидан ба сулҳ талош кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.