Баҳси Вашингтону Теҳрон бар сари барномаи ҳастаии Эрон

Эрону ИМА рӯзи 7-уми феврал баҳси сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломиро идома дода, ҳарду ҷониб аз ҳамдигар талаб карданд, ки қадами аввалро тарафи муқобил гузорад. Президенти ИМА Ҷо Байден батакрор гуфт, то замоне, ки Эрон бар асоси созиши соли 2015-и ҳастаӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ барнагардад, таҳримҳо аз болои ин кишвар бардошта намешаванд. Раҳбари олии Эрон Алии Хоманеӣ гуфт, агар ИМА бихоҳад, ки Эрон ба шартҳои созиш пойбанд бошанд, бояд таҳримҳои болои ин кишвар ҷоришударо бекор кунад. Ӯ гуфт, “ин қарори бебозгашт” аст.

Изҳороти ахири мақомоти ҳарду ҷониб нишон медиҳад, ки ҳарду кишвар дар пеши як чолиши дипломатии азиме қарор доранд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.