Ба ғолибони гуштини наврузӣ дар Душанбе 4 автомашина доданд

Ба ӯолибони мусобиқаи гуштингирии наврузӣ барои дарёфти ҷоизаҳои “Ҷоми пойтахт-2021”, автомашинаҳо тақдим шуд. Дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 20-21 март дар “Наврузгоҳ”-и Душанбе доир шуд, паҳлавони дар чаҳор вазн — 65, 75, 90 ва +90 рақобат карданд. Ин мусобиқа бо ҳузури ҳазорон тамошобин баргузор шуд.

Абубакр Боқиев, аз сулолаи паҳлавонони шинохта Боқиевҳо дар сабқати ниҳоӣ дар вазни 65 килограм бар Алиҷон Сафаралиев пируз омад ва соҳиби автомашинаи “Toyota” шуд. Дар вазн 75 килограм Мирзоҷамил Рамазонов бар Амонулло Азимов ғолиб омад ва шоҳҷоизаро аз худ кард.

Дар вазни 90 килограм Ҷаҳонгир Маҷидов бар рақибаш Ҳамроз Раҷабов ғолиб омад ва пирузи ин вазн дониста шуд. Шоҳҷоиза дар вазни аз 90 килограм боло насиби Темур Раҳимов шуд. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ Маҳмадбек Фарҳодовро шикаст дод ва шоҳҷоизаро аз худ кард.

Гуштингирӣ яке аз варзишҳои суннатии мардуми тоҷик аст ва дар аёми Навруз дар минтақаҳои гуногуни кишвар мусобиқаҳои паҳлавонӣ доир мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, давоми ин ҳафта мусобиқаҳои гуштингирӣ дар Рашт, Кӯлоб, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик баргузор мешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.