Ба Ашраф Ғанӣ унвони доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дода мешавад

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон субҳи 29-уми март дар раъси як ҳайати баландпоя ҷиҳати ширкат дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё -Раванди Истанбул”, вориди Тоҷикистон шуд. Ин ҳамоиш рӯзи 30-юми март дар Душанбе доир мешавад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон дар як хабарнома барномаи сафари оқои Ғаниро шарҳ дод. Ба иттилои манбаъ, Ашраф Ғанӣ дар ин сафари дурӯза бар иловаи иштирок ва суханронӣ дар ин ҳамоиш, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар назар аст, ки оқои Ғанӣ бо Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва Маҳмадтоир Зокирзода, раиси порлумони Тоҷикистон низ мулоқот кунад ва дар мавриди густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, гуфтугӯ намояд.

Ҳамчунин суханронии раиси ҷумҳури Афғонистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст. Дар назар аст, ки аз сӯи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Ашраф Ғанӣ унвони доктори ифтихорӣ дода шавад.

Ашраф Ғанӣ бори ахир дар тобистони соли 2017 ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.