Ба дипломатҳои аврупоӣ дар Русия иҷозати гирифтани воксинаи Sputnik V дода шуд

 Иттиҳоди Аврупо ба дипломатҳои худ дар Маскав иҷоза дод, ки агар хоҳиш дошта бошанд,  бо воксинаи сохти русии “Sputnik V” эм карда шаванд. Ин воксина ҳанӯз иҷозати  идораи дахлдори аврупоиро дарёфт накардааст. Дар як имейли дохилии корие, ки дипломатҳои аврупоӣ дар Русия дарёфт карданд, як мақоми баландпояи ИА дар Маскав рӯзи 3 феврал навиштааст, “мақомоти шаҳри Маскав тасмим гирифтанд, ки барномаи эмкунӣ бар зидди COVID-ро дар миёни кормандони сохторҳои дипломатӣ ҳам  ба роҳ монанд”. Дар имейле, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, гуфта мешавад, ки мақомот дар сурати хоҳиши онҳо, ба дипломатҳову аъзои оилаҳояшон, ки аз   18-сола боло мебошанд, эмкуниро пешниҳод кунанд. Барои ин хоҳишмандон бояд дар бораи шахсияти худ маълумот бидиҳанд.

Исми “Sputnik V” дар имейл дида намешавад, вале дар имейл омадааст, ки мақомоти Русия бар асоси дархости омодагӣ барои эмкунӣ ҷузъиёти дигарро ирсол мекунанд. “Мо ҳанӯз дар бораи дарёфти воксинаҳои маҳаллӣ ваё тасдиқношуда аз ҷониби Оҷонсии дорувори Аврупо ҳеҷ қарори қатъие дарёфт накардаем”, омадааст дар матни номаи электронӣ. То имрӯз ин оҷонсӣ воксинаҳои навъи Pfizer/BioNTech, Moderna ва AstraZeneca-ро ба истифода дар қаламрави ИА иҷоза додааст. Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти Русия ба дипломатҳои аврупоӣ “девонавор дар ҳар ҳолати пешомада ва мулоқотҳо пешниҳод мекунанд”, ки воксинаи русиро қабул кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.