“Ба мо кӯмаки амалӣ расонед”: Муроҷиати сокинони Бадахшон ба Рустами Эмомалӣ

Як гурӯҳ намояндагон аз гуруҳи “Комиссияи 44”, ки пас аз эътирози чоррӯза дар Хоруғ барои музокирот ва назорати ҷараёни тафтишот бо мақомот аз ҷониби сокинон интихоб шуда буданд ба Рустами Эмомалӣ барои кӯмак муроҷиат намуданд.

Навори муроҷиатнома, ки дар он роҳбари гуруҳи “Комиссияи 44” Фаромӯз Иргашов мактуб ба Рустами Эмомалиро қироат мекунад, шоми 19-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид.

“Мақсади муроҷиати мо ба унвони Шумо вобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ҳолати кор чунин аст, ки вазъият дар шаҳри Хоруғ аз санаи 25 ноябри соли 2021 баъди гузарондани амалиёти оперативию ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, ки  дар натиҷаи он шаҳрванд Зиёбеков Гулбиддин ба қатл расонида шуд, ду нафари дигар захмӣ шуданд ва мардум ба таври стихиявӣ вобаста ба ин кор дар заминаи ҳаяҷон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ҷамъ шуданд, – мегӯяд Иргашов.

Дар тазоҳурот 17 нафар дар назди  муқаддасоти миллат: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи дигар, ва муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон: Исмоили Сомонӣ аз тири яроқи оташфишони кормандони мақомоти қудратӣ захмӣ шуданд, ки ду нафар аз онҳо ба ҳалокат расиданд. Айни замон, фақат масъалаи ҷавобгарӣ барои латтукӯби кормандони мақомоти қудратӣ ба роҳ монда шудаасту дар бораи ду нафар кушташуда ва 15 нафар шаҳрвандони аз тир захмишуда сухане нест.

Бо парвандаи ҷиноятӣ оиди ба қатл расондани шаҳрванд Зиёбеков Гулбиддин ва дигар шаҳрвандон тафтишот рафта истодааст”.

“Оромию сулҳу субот  дар хатар аст”

Дар идома Фаромӯз Иргашов мегӯяд, ки новобаста аз гаронии нархи маҳсулот дар бозорҳои вилоят нисбат ба дигар манотиқи Тоҷикистон, баландтарин сатҳи бекорӣ ва роҳҳои валангор халқи таҳаммулпазири Бадахшон ҳамаҷониба ҳукуматро тарафдорӣ менамояд.

“Аммо рӯирост ва беасос мардуми осоиштаро паррондан аз тарафи мақомоти қудратӣ, бо ҳар ҳуқуқвайронкунии начандон вазнин доғдори судӣ намудани ҷавонон, бадном ва сиёҳ намудани мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар умум дар шабакаҳои давлатӣ ва васоити ахбори омма, фишороварӣ ба кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, соҳибкорон ва дигар табақаҳои ҷомиа дар умум аз ҳама чорчӯбаҳои таҳаммулпазирӣ ва тоқатпазирӣ гузаронида ва бароварда шудааст”, – омадааст дар муроҷиатномаи фаъолон.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки сулҳу субот ва муттаҳидии миллати тоҷикро, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонбозиҳои худ овардааст, имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ ва ВМКБ зери хатар аст, ки ин метавонад оромию сулҳу суботро дар миқёси тамоми Тоҷикистон  халалдор намояд.

“Бино бар чунин ҳолати кор, мо, халқи сулҳпарвари Бадахшон, тарафдорони сиёсати сулҳҷӯёнаи сарвари кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як умед ба Шумо муроҷиат менамоем, ки масъалаи вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳимояи сулҳу субот дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор диҳед, тамоми донишу маҳорати худро ба кор бурда, вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро зери назорати қатъии худ қарор дода, ба мо кумаки амалии худро расонед”, – гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи эътирози чоррӯзаи сокинони Бадахшон дар назди бинои ҳукумати вилоят бо талаби ҷазо додани гунаҳкорони марги сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков се нафар сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд ва чандин нафар захмӣ шуданд, аз ҷумла 12 корманди мақомот низ.

Эътироз замоне қатъ шуд, ки шоми 28-уми нолябр мақомот ваъда доданд, ки қазияи марги Зиёбеков ва ду нафари дигарро дақиқона тафтиш ва талаботи сокинонро иҷро ва  ва нафарони эътирозгарро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ нахоҳанд кашид.

Мақомот расман ин шартҳоро эълон накардаанд, вале дар эъломияе гуфтанд, ҳар касе дар тазоҳурот иштирок карда, аммо ҷиноят содир накардааст, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд. Вале сокинон мегӯянд, ҳанӯз дастрасӣ ба Интернет дуруст ба роҳ монда нашудааст.

Ҳамчунин шумо метавонед вокуниши раиси собиқи ВМКБ Ёдгор Файзовро оиди қазияи ҳодисоти мазкур дар маводи қаблии мо тавассути линки мазкур мутолиа намоед.

Сообщение “Ба мо кӯмаки амалӣ расонед”: Муроҷиати сокинони Бадахшон ба Рустами Эмомалӣ появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.