Ба муносибати 30-солагии истиқлолият Ҷопон дар Тоҷикистон 10 мактаби нав месозад

Сафорати Ҷопон дар Душанбе эълон кард, ки дар Тоҷикистон бо сарфи даҳ миллион сомонӣ даҳ мактаб бунёд хоҳад кард.  Дар хабарномаи сафорати Ҷопон, ки рӯзи 3-уми сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, ин тасмим ба хотири таҷлил аз сисолагии истиқлолияти Тоҷикистон гирифта шудааст. 

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 3-уми сентябр барои истифодаи 6 миллион сомонии ин кӯмакҳо расми имзои созишнома барпо шуд.  

Бар асоси ин маблағи ҷудошуда, дар вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт мактаб бунёд мешавад.  Сафорати Ҷопон гуфтааст, ки аз соли 1996 то кунун беш аз 35 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.