Ба таҳдиду озор ва хушунат алайҳи рӯзноманигорони мустақил хотима диҳед! (Баёния)

Тайи чанд рӯзи охир рӯзноманигорони тоҷик Исфандиёри Одина, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Шаҳлои Гулхоҷа дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби афроди маълуму номаълум мавриди ҳамлаҳои ҷисмонӣ, лафзӣ ва тавҳину таҳқир қарор гирифтаанд.  

 Субҳи имрӯз, 29-уми май Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз ҷониби афроди ношинос ҳангоми иҷрои фаъолияти касбӣ латукӯб шуд. Ин дувумин латукӯби ӯ дар се ҳафтаи ахир мебошад.

Ҳич шубҳае нест, ки сабаби аслии таҳоҷуми лафзӣ ба рӯзноманигорони варзида фаъолияти касбӣ ва мавзеъгириҳои иҷтимоии онҳо мебошаду латукӯби хабарнигори ҷавон ҳангоми таҳияи гузориш дар маҳали офати табиӣ сурат гирифтааст.

Бахши аъзами таҳоҷуми лафзӣ аз ҷониби фейкҳои мансуб ба «Фабрикаи ҷавоб»-и мақомоти Тоҷикистон нашру паҳн мегарданд. Бахши дигари он озори онлойнӣ буда, аз ҷониби ашхоси маълум, аз ҷумла рӯзноманигорон ва ёварони расонаӣ бо аҳдофи ношоистаи гуруҳӣ амалӣ мешавад.

Ин кирдори ғайриқонунӣ ва берун аз ахлоқро Кунгураи Урупоии Рӯзноманигорон ва Блогнависони Тоҷик шадидан маҳкум мекунад.

Мо бар онем, ки ин тарзи бархурд, на танҳо дар кадом поя қарор доштани сатҳи бинишу бардошти ниҳодҳои махсуси ҳукуматро ба намоиш мегузорад, балки дар маҷмуъ нуфузи Ҳукумати Тоҷикистонро низ олӯда месозад.

  Рӯзноманигор рисолати хешро анҷом медиҳад: аз пинҳон кардани мавҷудияти СОVID-19 дар кишвар мегӯяд; талаби эҳтироми забони давлатӣ мекунад; бо як зиндонӣ, бо як фирорӣ, бо як ҷинояткори сатҳи байналмилалӣ, бо як раисҷумҳур ё як деҳқон суҳбат меорояд; назари фурӯшандаеро мепурсаду нигоҳи як зарардида аз офати табииро нашр месозад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз ҷавонтарин хабарнигорони Тоҷикистон аст, ки аз дохили мардум, бо забони мардум аз доғҳои иҷтимоӣ мегӯяд. Мавзеъгириҳои шаҳрвандии ӯ низ сазовори таҳсин мебошанд, на таҳдиду иҳонатҳои онлойнӣ.

Исфандиёри Одина аз рӯзноманигорони варзидатарини Тоҷикистон аст, ки ба журнализм содиқ буда, рушди забони давлатиро дар муҳити расонаӣ аз арзишҳои аслии худ медонад. Ташаббусу мавзеъгириҳои ӯ дар пайи ҳамагирии СOVID-19, ки мақомот ва гуруҳҳои дар хидмати онҳо бударо безобита кардааст, исботи ин гуфта мебошад. Агар Ибтикори ҷамъиятии “СOVID-19: Тоҷикистон”- ӯ намебуд, наворҳои доктор Ораш Алоиро, ки аз муассиртарин василаҳои рушангароӣ дар рӯзгори куруноӣ бо забони мардум буд, телевизионҳои ҳукумати кишвар даҳҳо маротиба пахш намекарданд.

Шаҳлои Гулхоҷа аз маҳбубтарин рӯзноманигорони Тоҷикистон аст, ки нашри чанд мусоҳибааш сабаб шуд, ки ниҳодҳои алоҳида ба ӯ душманӣ варзанд. Ӯ ҳамеша талош кардааст, ки рисолати хешро анҷом диҳад, ба норӯшаниҳое рӯшанӣ андозад. Навгониҳое ҷорӣ намояд, ки табиист мавриди писанди ҳама нест. Ҳар нуктае, ки ниҳодҳои давлатӣ ё гурӯҳҳои вобаста ба он бо он мувофиқ нестанд, метавонанд бо навиштани раддияе, бо баёни қавонини рӯзноманигорӣ ва рисолати рӯзноманигор баён кунанд. Аммо нашри корикотурҳои бениҳоят зишт барои мақомот ва Ҳукумати Тоҷикистон обрӯе боқӣ нагузошт.

Ин корикотурҳо на танҳо шахсияти як рӯзноманигорро, балки шахси ЗАНИ ТОҶИК-ро зери дашном бурданд. Талоши бадном кардани Шаҳлои Гулхоҷа бадном кардани тамоми занони боисмати Тоҷикистон аст!

Мо ин амали зиштро қатъан маҳкум мекунем ва аз мақомот талаб мекунем, ки ба чунин шеваҳои бархурди хеш поён диҳанд, балки вазифаи аслии худ таъмини қонунмандӣ дар кишварро иҷро кунанд.

Мо ҳамчунин ба ашхоси маълум, ки бо сабабҳои гуногун дар хидмати мақомот қарор гирифтаанду вақтҳои ахир талош карданд ташаббусҳои муҳимми ҷамъиятиро барҳам зананд, ҳушдор медиҳем, ки паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тӯҳмат хилофи одоби касбии журналист аст. Оқибати ин амалҳои нораво шармандагӣ мебошад.

Изҳори умедворӣ мекунем, ки ҷомеа ва Ҳукумати Тоҷикистон тавони поён бахшидан ба ин гуна бархурдҳои ғайриинсонӣ, ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқиро дорад.

Раёсати Кунгураи Урупоии Рӯзноманигорон ва Блогнависони Тоҷик

29 майи 2020

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.