БА ТАВАҶҶУҲИ ҲАВОДОРОНИ ФУТБОЛ! Имрӯз «Ротор» бо Муҳаммад Султонов бо дастаи машҳури «Зенит» бозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 11.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар бозии аввали Премйер-лигаи Россия дар Волгоград  навомад (дебютант) –  «Ротор» дастаи «Зенит»-и Санкт-Петербургро қабул мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дастаи «Ротор»-ро  фақат дар нохунак «навомад» номидан мумкин аст,  дар асл ин дастаи собиқадор ва ботаҷриба пас аз танаффуси тӯлонӣ аз нав ба лигаи олӣ баргашт.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар ҳайати волгоградиҳо зодаи Тоҷикистон Муҳаммад Султонови 27-сола ба ҳайси нимҳимоятгар бозӣ мекунад, ки аз ҷониби мухлисон беҳтарин бозигари ин даста дар мавсими 2019/2020 эътироф шудааст.

«Инак, имрӯз дар варзишгоҳи «Волгоград Арена»-и шаҳри Волгогради Россия, ки ғунҷоиши 45 568 тамошобинро дорад, иштироки то 14 000 тамошобин дар назар аст», — менависад сомонаи даста.

Довари асосӣ: Алексей Матюнин, ба ӯ Николай Еремин ва Иля Елеференко кумак мерасонанд — ҳама аз Москва.

«Зенит» бо футболкаҳои сафед (дарвозабонаш – бо футболкаи сабз) ва «Ротор» бо  футболкаҳои  кабуд (дарвозабонаш — бо  футболкаи  норанҷӣ)  ба майдон мебароянд.

Вохӯрӣ соати 18:00 бо вақти Волгоград (соати 20:00 бо вақти Душанбе) оғоз мешавад. Бозии «Ротор» — «Зенит»  тариқи шабакаҳои телевизионии «Match TV» ва «Match! Премьера» мустақиман пахш мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бори охир «Зенит» дар ин шаҳри пуршараф 16 сол пеш бозида буд. Бозӣ ҷолиб хоҳад буд!

АКСҲО аз бойгонӣ

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.