Ба зидди Навла

Кумитаи Тафтишотии Русия ба зидди Алексей Навалний пешвои мухолифони давлат бо иттиҳоми дуздии миллионҳо рубли хайрия барои созмонаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Муфаттишон мегӯянд, ки Навалний пулҳои хайрияро барои манфиатҳои хусусиаш истифода бурдааст. Парвандаи нав суолҳоеро дар бораи бозгашти эҳтимолии Алексей Навалний матраҳ мекунад, ки ҳоло дар Олмон муолиҷа мегирад.

Ӯро баъди заҳролуд шудан аз заҳри қотил дар моҳи август барои муолиҷа ба Олмон бурданд. Бар асоси парвандаи нав дар сурати бозгашт метавонанд, ӯро ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кунанд. Алексей Навалний гуфтааст, ки иттиҳомот беасос аст ва ҳукумат мехоҳад, аз ӯ барои зинда мондан ва ошкор кардани маъмурони амниятӣ, ки мехостанд, ӯро бикушанд, қасос бигирад.

Алексей Навалний мегӯяд, ки заҳролуд шуданаш кори дасти хадамоти амниятии Русия буд. Алексей Навалний, ки як созмони мубориза бо коррупсия дорад, чандин сол аст, дар бораи фасоду ришвахорӣ дар байни мақомоти баландпояи Русия гузоришҳои таҳқиқотӣ нашр мекунад. Ӯро то кунун чандин бор барои муддатҳои кутоҳ зиндонӣ кардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.