Ба зодрӯзи рӯзноманигори хушном Адолати Мирзо

Ману Адолат умумиятҳои зиёде дорем. Аз як ноҳияем, ҳамсабақи донишгоҳием (соли аввал ҳарду новобаста бо медал хатм кардани мактаб ба Донишгоҳи миллӣ дохил нашудем ва соли дуюм ҳамсабақ гаштем) , ҳамкасбем, бо Хоҳари дӯстдоштаи раҳматиам дар як рӯз мавлуд доранд. Аз ҳама муҳимаш номҳои Падарҳоямон як аст: Мирзо.
Воқеан, дар маҳфилҳое гоҳе ба шӯхӣ мегӯянд, ки Мирзоҳои кӯлобӣ кадом вижагие доранду аз Соҷидаи Мирзо ва ману Адолат ном мебаранд))
Аммо ин ҳама умумиятҳо маънои дар ҳама чӣ ҳамфикр будани моро надорад)). Ҳатто дар замони мактабхонӣ рақиби аслии ҳамдигарӣ дар озмунҳои фаннии ноҳияи Восеъ будем…
Ба ғайр аз озмунҳои фаннӣ ҳамчунин дар маҳфили журналистони ҷавони нашрияи ноҳиявии “Мубориз” гоҳ – гоҳ вомехӯрдем. Ҳанӯз мактабхон буд, ки як матлабаш дар ин нашрия вобаста ба бақия надодани фурӯшандаи мағозаи давлатӣ баҳси ҷиддиеро ба по хезонд. Дертар, ки ба журналистикаи амалӣ ворид шуд, чунин матлабҳояш хеле зиёд буданд, хоса матлабе бо номи “Ман помириам!”.
Ӯ замоне ба журналистикаи ҷиддӣ баргашт, ки хелеҳо аз ин майдон ноумед рафта буданд. Гап сари солҳои баъди ҷанги шаҳрвандист, ки он замон ҳамроҳ бо ҳамсабақонамон Хуршед Атовулло ва Шоистаи Раҳим нашрияи “Посух” -и вазорати фарҳангро фаъол намуданд. Ин нашрия, мутаассифона умри дароз надид. Он замон инҷониб ба тиҷорат машғул будам, аммо барояшон кӯмакҳое мекардам.
Соли 1998 ӯву Раҳматкарим нашрияи “Суруш” -ро фаъол карданд, ки боис ба журналистика баргаштани ман шуд. Ин нашрия дар замони худ аз ҷумлаи баҷуръаттаринҳо ба ҳисоб мерафт, вале мутаассифона нашри он ҳам тӯлонӣ набуд…
Баъд дар радиои “Садои Хуросон” кор кард. Соли 2005 нашрияи “Миллат” -ро замоне фаъол намуд, ки матбуоти мустақил анқариб намонда буд ва пас аз бозмондани фаъолияти нашрияҳои “Рӯзи нав”, “Нерӯи сухан”, “Одаму олам”, “Адолат” мақомот ҳич нашрияеро сабти ном намекарданд. Он ҷойгоҳи худро ёфт. Баҳсҳое ҳам ба дунбол дошт: бо шаҳрдории Душанбе ва вазорати кишоварзӣ. Баҳси дуввумӣ ба суд кашида шуд. Зинаи аввали суд онҳоро бе ягон мадраки ҳуқуқӣ муҷозот карданӣ шуд. Аммо дар зинаҳои баъдӣ баҳс бо ғалабаи “Миллат” поён ёфт.
Назари Маҳмадсаид Убайдуллоев – шаҳрдори Душанбе ҳам ба Адолату “Миллат” дертар иваз гардид, хоса пас аз даргузашти яке аз азизони Убайдуллоев таъзия баён намудани нашрия…
Як замон мехост ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шавад, аммо Комиссияи марказии интихобот бо кадом сабабе номзадиашро қабул накард.
Ин замоне буд, ки Адолат ба сифати журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷойгоҳи хоси худро дошт. Ҳоло ҳам, агарчӣ нашрияи “Миллат” дар шакли асл фаъол нест, аммо сомонаи он мавқеи муассисашро равшан менамояд. Аввалин барандаи Ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева – журналистбонуи ҷасоратманди тоҷик аст. Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон – «Афрӯз»-ро роҳбарӣ мекунад.
Аз бонувони ҷасоратманду дар мавқеъ устувор мебошад. Фикр мекунам хеле аз хислатҳои Модари Бузургвораш Холаи Бозоргул (воқеан ҳамноми Апаи ман) , ки аз занони ҷуръатманду фаъоли ноҳияи Восеъ буд ва чандин солҳо раисии ҷамоати шаҳракро ба зимма дошт, ба ӯ гузаштааст. Раҳматии Қиблагоҳаш аз муаллимони барӯманди ноҳия буд…
Ҳамсараш Раҳматкарим аз ҷумлаи ҳамсабақону дӯстони донишманди мост. Фарзандони баору номус ва босавод дорад. Як Сурӯш худаш ҷаҳони дигарест…
Мавлуд хуҷаста бод, Худованд ба беҳтарин орзуҳотон расонад!

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.