Баъд аз гузорише дар бораи Раҳмон, хабарнигори “Настоящее Время” бе парвонаи кор монд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Анӯшервон Орифов, хабарнигори телевизиони “Настоящее Время”-ро аз аккредитатсия ё парвонаи кор маҳрум кард. Дар ин бора рӯзи 4-уми август намояндаи дафтари Радиои Озодиро дар Душанбе расман огоҳ намуданд.  

Муҳлати иҷозаи кори Анӯшервон Орифов рӯзи 1-уми август ба поён расид, вале мақомоти вазорат онро дароз накарданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз нашри ду матлаби вобаста ба равишҳои таблиғи эҳтимолии пеш аз интихоботи президентӣ норозигӣ карда, онро “муғризона” хондаанд.  Муаллифи яке аз ин матлабҳо Анӯшервон Орифов аст. 

Қарор аст, тирамоҳи имсол дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шавад, вале санаи дақиқи он эълон нашудааст. Новобаста аз ин, дар ин давра сафарҳои президент Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои кишвар афзуд ва бозтоби сафарҳои ӯ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шуд.  

Соли 2016 баъд аз нашри хабаре дар бораи соҳиби мақом шудани яке аз духтарони раиси ҷумҳур дар вазорати умури хориҷӣ, парвонаи кори хабарнигорони Радиои Озодиро дар Душанбе бозхонд карда буданд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.